Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
бунёди корхонаҳои муштарак дода шуд. Ҳукумати Ҳиндустон барои устувор кардани пули миллии давлати худ - рупия корҳои зиёдеро анҷом дод. Дере нагузашта рупия ба асъори қисман табодули озод табдил ёфт.
Назорати дохилӣ аз болои корхонаҳои истеҳсолӣ тамоман аз байн бардошта шуд.
Ҳиндустон сиёсати ҳаматарафа дастгирӣ намудани сектори майдахочагиро пеш гирифта, дар баробари ба онҳо додани қарзҳои имтиёзнок доир ба тайёр намудани 822 номгӯй моле, ки бештар ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ вобастагӣ дошт, супориш дода буд. Дар натиҷа шумораи корхонаҳои хурд дар соли 1985 аз 1.2 млн. ба 2.9 млн. адад расонида шуд. Аввалҳои соли 2000 дар кулли иқтисодиёти Ҳиндустон зиёда аз 80% қувваи кории дар мамлакат вуҷуддошта фаъолият доштанд, ки онҳо 45%-и маҳсулоти содиротиро тайёр мекарданд. Ба шарофати эътибори махсуси давлат аз ибтидои соли 2000 суръати баланди пешрафти саноати маснуотбарор (то 12%) мушоҳида карда мешуд, ки ҳиссаи он дар саноати истеҳсолӣ то 77% расид. Қисми асосии ҳаҷми маҳсулоти дохилиро маҳсулоти саноати мошинсозӣ, химия ва дорусозӣ ташкил мекард. Мувофиқи талаботи аҳолӣ дар мамлакат истеҳсоли мошинҳои сабукрав, радиою телевизор, дастгоҳҳои суратгирӣ ва асбобҳои дигари рӯзгор бо суръати баланд вусъат меёфт. Аз ҷиҳати истеҳсоли тракторҳо бошад, Ҳиндустон дар аввалҳои соли 2000 ба қатори давлатҳои асосии истеҳсолкунанда дохил шуд. Асоси соҳаи энергетикаро захираи зиёди ангиштсанг ташкил мекунад, ки он аз 3/4 ҳиссаи истеъмоли асосии сӯзишвориро ташкил мекунад. Истихроҷи нафти хом ва гази табиӣ низ хеле вусъат меёфт. Ҳиндустон яке аз давлатҳои асосии истеҳсолкунандаи пӯлод ба шумор меравад. Истеҳсоли солонаи он ба 23.4 млн. тонна расонида шуд. Аз ҷиҳати истеҳсоли алюминий бошад, Ҳиндустон ба бозори ҷаҳонӣ баромадааст. Дар соҳаи саноати сабуки ин мамлакат саноати бофандагӣ нақши бузурге мебозад ва 1/5 ҳиссаи кулли истеҳсолоти саноатӣ ва 1/3 ҳиссаи даромади содиротро ташкил мекунад. Дар ин соҳа зиёда аз 20 млн. нафар машғули коранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор