Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
розиёна (фенхель), ки дар тамоми соҳаҳои хӯроквории ҷаҳон истифода бурда мешаванд, дар сафи пеш меистад. Ҳаҷми истеҳсоли ҳарсолаи маҳсулоти номбурда зиёда аз 2 млн. тонна мебошад. Дар истеҳсол ва коркарди банан, какао, гулкарам, чормағз Ҳиндустон дар ҷои аввал буда, дар истеҳсоли меваҳои ситрусий, ананас, себ, картошкаю пиёз, нахӯди сабз ба қатори даҳ давлати аввали ҷаҳон дохил мешавад. Дар соли 2000 қариб 47 млн. тонна меваю сабзавот истеҳсол кардааст.
Солҳои охир ба рушду такомули соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ маблағҳои зиёди сармояи хусусӣ ҷалб карда шуданд. Дар ин асос бунёди ҷамъиятҳои молпарварӣ, боғдорӣ, гулпарварӣ, ширкатҳои махсуси коркарди маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шуда, Ҳиндустонро ба содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ табдил дод ва ба ивази содироти он ба хазинаи давлат асъори хориҷии зиёд ворид гардид.
Ҳиндустон солҳои охир ба татбиқи пешниҳодоти олимон эътибори калон медиҳад. Танҳо дар нақшаи 8-уми тараққиёти давлат 2,5 миллиард рупияро ба иҷрои он нақшаҳое, ки барои истифодабарии гармхонаҳои пластикию гулхонаҳо, гидропоникаҳои обёрӣ равона карда шуданд, ҷудо кард.
Соли 1999 Иттиҳоди тадқиқкунандагони соҳаи кишоварзии Ҳиндустон (KAR) ва якчанд донишкадаи олӣ бо мақсади ҳарчи бештар омӯхтан ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ таъсис дода шуданд. Дар баробари ин барои боз ҳам бештар ҳавасманд кардани кормандони соҳаи кишоварзӣ Ҳукумати Ҳиндустон дар баробари таъмини бепули об, нуриҳои минералӣ, нерӯи барқ ва қарзҳои имтиёзноки дастрас, тамоми корхонаҳои кишоварзиро аз пардохти андози даромад озод кард.
Ба бунёди сохторҳои ёрирасони соҳаи хоҷагии қишлоқ
эътибори зиёд дода мешуд. Барои татбиқи ҳама гуна нақшаҳо бонки
махсуси "Риченал рурал бонк" (RRB), барои муайян намудани нархи
маҳсулот комиссияи махсуси оид ба нархгузорӣ, барои сарфа
намудани вақти деҳқон ва дар сари замин харидани маҳсулоти
тайёршуда ширкати хӯроквории Ҳиндустон, Палатаи молҳои ниёзи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор