Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳукумати Ҳиндустон аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба соҳаи кишоварзӣ эътибори махсус медод. Дар яке аз баромадҳои худ, Сарвазири мамлакат Ҷ. Неру чунин гуфта буд: "Ҳама чизи дигар метавонад интизор шавад, танҳо на кишоварзӣ".

Дар соҳаи аграрӣ дар баробари системаи яккахоҷагие, ки олоти давраи патриархалӣ дошт, ширкатҳои бузурге амал мекарданд, ки коркарди замин дар асоси истифодаи технологияи ҳозиразамон пеш бурда мешуд.

Соли 1980 Ҳиндустон барои татбиқи барномаи "инқилоби сабз", ки аз тарафи стансияи генетикию селексионии Вазорати кишоварзии Мексика пешниҳод шуда буд, тадбирҳо андешид ва дар мӯҳлати кӯтоҳ ба натиҷаҳои судбахш ноил гардид. Дар баробари якбора зиёд шудани истеҳсоли ғалла, вобастагии мамлакат дар ин соҳа аз давлатҳои хориҷа аз байн бардошта шуд. Агар, соли 1950 Ҳиндустон бо усулҳои давраи пеши коркарди замин 51 млн. тонна ғалла истеҳсол карда бошад, соли 1995 истеҳсоли он ба 211.7 млн.
тонна расонда шуд, ки ин комёбии бузург ба ягон мамлакати дунё ноил нагашта буд. Дар ноил гаштан ба чунин муваффақиятҳои бузург, пеш аз ҳама саҳми ҳукумат ва олимону кишоварзон ва ташкилкунандагони он хеле калон аст. Имрӯзҳо Ҳиндустон аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар сафи давлатҳои худтаъминкунанда қарор дорад. Ҳар сол ба воситаи созмонҳои ҷамъиятие, ки фаъолияташон хеле хуб ба роҳ монда шудааст, ба ҳар сари аҳолии мамлакат 200 кг маҳсулоти ғалладонаи истеҳсолшуда (гандум ва биринҷ) расонда мешавад.

1 январи соли 2001 дар Ҳиндустон 125 млн. гектар замини кишт ба қайд гирифта шудааст, ки дар он баробари маҳсулоти ғалла, инчунин пахта, чут, чой, найшакар, растаниҳои равғандор кишт шудаанд. Ҳар сол дар соҳаи кишоварзӣ 2,5 млн. тонна пахта, 750 ҳазор тонна чой, ки он 30%-и истеҳсоли ҷои ҷаҳонро ташкил мекунад, ба даст оварда мешавад. Дар соҳаи чойпарварӣ зиёда аз 20 млн. кас ба кор ҷалб карда шудаанд. Ҳиндустон дар истеҳсоли мурч, кардамон, занҷабил (имбир), курикуми, кашниз (кориандар), зира.

пешина
аз 785
навбатӣ