Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

молҳои ба меъёри байнамилалӣ ҷавобгӯ танҳо ҳаҷми содироти молро дар солҳои 1993-94 якбора 20% зиёд намуданд. Чунин ҷаҳиши иқтисодӣ тамоми нуқсонҳои мавҷудаи иқтисодиётрӯ баръало нишон дод ва ҳукуматро водор сохт, ки барои бартараф кардани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар баробари ин содиркунандагони мол аз ҳукумат талаб карданд, ки ставкаҳои гумрукии содироти молро аз нав дида баромада, сатҳи онро то меъёри ставкаҳои давлатҳои мутараққии ҷаҳон мувофиқ кунад.

Ҳукумати Ҳиндустон шароити иқтисодии мамлакатро ба назар гирифта, мақсад гузошт, ки соли 2002 ҳаҷми содироти молро то 90 млрд. доллари ШМА расонад.

Нарасидани нафт ягона проблемае мебошад, ки дар воридоти моли ин мамлакат мушоҳида карда мешавад. Агар ҳаҷми талаботи кулли иқтисодиёти мамлакат ба нафт 50 млн. тонна бошад, истеҳсоли солонаи он ҳамагӣ 30 млн. тоннаро ташкил мекард. Бинобар ин ҳукумат маҷбур буд, ки ҳар сол аз хориҷ 20 млн. тонна нафти хом ворид намуда, барои таъмини мӯътадили фаъолияти хоҷагии халқ субсидия диҳад.

Дар натиҷаи касод шудани буҷети мамлакат дар соли 1997 Ҳукумати Ҳиндустон маҷбур шуд, ки фурӯши сӯзишвории дизелиро дар бозори дохилӣ бо нархи ҷаҳонӣ ҷорӣ намояд. Аммо бо сабаби афзудани талабот ба ин сӯзишворӣ проблемаи ҷойдоштаро ҳал карда натавонист, баръакс, сиёсати босуръати саноатикунонӣ ва пешрафти босуръати иқтисодиёти мамлакат ба соҳаи саноати нафт таъсири манфӣ расонд ва маҷбур сохт, ки ҳаҷми истеҳсоли нафти хоми ватаниро зиёдтар намоянд. Баҳри иҷрои ин мақсад Ҳукумати Ҳиндустон ба ширкатҳои нафтистеҳсолкунанда шароити мусоид фароҳам овард. Бо кӯмаки ҳукумат ин соҳа хеле тараққӣ карда, истеҳсоли нафт аз 30 млн. тоннаи 1947 то ба 50 млн. тоннаи 1998 расонида шуд.

Дар баробари нафт ба мамлакат таҷҳизоти технологӣ, пӯлод, қоғаз, нуриҳои минералӣ, хӯрокворӣ ворид карда мешавад. Дар миқёси ҷаҳон ҳамкорони асосии Ҳиндустон дар масъалаи содирот ва

пешина
аз 785
навбатӣ