Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

воридоти мол ШМА, Япония, Россия, Германия, Британияи Кабир буда, ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии онҳо 60%-и додугирифти давлати Ҳиндустонро ташкил мекард.

Дар баробари ин ҳукумат тамоми соҳаҳои истеҳсолотро вазифадор намудааст, ки аз рӯзҳои аввали асри нав сар карда, дар баробари молҳои дар бозори ҷаҳонӣ шинохташудаи Ҳиндустон (маснуоти саноати бофандагӣ, либосворӣ, маснуоти тилловорӣ ва сангҳои қиматбаҳо), ки асоси воридоти асъори хориҷиро ташкил мекарданд, ба содироти асбобҳои дақиқ ва таҷҳизоти технологияи пешқадам шурӯъ намоянд.

Аз сифати баланди молҳои истеҳсоли саноати навбунёди асри XXI ва нархи нисбатан арзони онҳо дилпур буда, Ҳукумати Ҳиндустон бо роҳбарияти Иттиҳоди Европа, Ҳукумати ШМА, Канада, Россия ва Япония, Зеландияи Нав, Австралия барои бо моли худ ба бозори онҳо дохил шудан, ба гуфтушунид шурӯъ намуда, аз нимаи дуюми соли 2000 бо онҳо созишномаҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷонибаро ба имзо расонд.

Иқтидори азими иқтисодии Ҳиндустонро ба назар гирифта, экспертҳои Бонки Ҷаҳонӣ Ҳиндустонро ба давлатҳои "панҷгонаи бузург", ки ба он Хитой, Бразилия, Индонезия ва Россия шомил мебошанд, дохил намуданд. Дар соли 1997 8-10%-и истеҳсолот ва савдои ҷаҳон ба ин давлатҳо рост меомад. Чунин пешрафти иқтисодиётро ба назар гирифта, пешбинӣ шудааст, ки то соли 2025 ҳиссаи онҳо дар иқтисодиёти ҷаҳон дучанд зиёд мешавад.

Дар натиҷаи бозсозии иқтисодиёте, ки даҳсолаи охир дар Ҳиндустон анҷом дода мешуд, зиёда аз 6 млн. коргар бо кор таъмин гардид. Ба қайд гирифта шудааст, ки дар Ҳиндустон 300 млн. нафар аз табақаи миёнаи коршоями аҳолӣ қобилияти баланди харидорӣ доранд, онҳо метавонанд мошинҳои сабукрав, телевизор, компьютер ва маводи ғизоии беҳтаринро харидорӣ намоянд.

Бо вуҷуди комёбиҳои бузурги дар мамлакат бадастомада
афзоиши даромад ба ҳар сари аҳолӣ талаботи истеъмолкунандагонро
таъмин карда наметавонад. Дар аввали асри XXI низ даромади зиёда

пешина
аз 785
навбатӣ