Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

§14.7. ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони миллати форс дар байни миллатҳои дигари ҷаҳон қадимтарин миллат ба шумор рафта, вобаста ба тамаддунашон давлатдории худро пеш аз солшумории мелодӣ бунёд намуда буданд.

Соли 1925 дар давлати форсҳо сулолаи Паҳлавӣ ба сари ҳокимият омад. Дар натиҷаи баҳсу мунозираҳои зиёд соли 1934 ба давлати форсҳо номи нав - Эронро гузоштанд.

Ҷунбишҳои миллии 5 майи соли 1963 (бо солшумории Эрон 15 хурдоди соли 1342-и ҳиҷрӣ) сар зада, таҳти роҳбарии имом Ҳумайнӣ 11 феврали соли 1979 ба ғалабаи инқилоби исломӣ оварда расонид. Дар натиҷаи раъйпурсӣ 98,2%-и миллатҳои Эрон ба як овоз барои бунёди Ҷумҳурии Исломии Эрон овоз доданд. 1 апрели соли 1979 давлат Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон карда шуд. Мувофиқи қонуни асосии давлат тамоми корҳои давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти мамлакат амалӣ мешавад. Шӯрои Маҷлиси исломӣ (Парламент) ҳокимияти қонунбарор ба шумор рафта, аъзои он дар шахсияти номзадҳои мардумӣ ба мисли Президент бо раъйпурсии умумӣ интихоб карда мешаванд. Тамоми шоҳаҳои ҷамъият мақомоти қонунбарор, иҷроия, адлия таҳти назорати пешвои инқилоб амалӣ шуда, аз тарафи Президент ҳамоҳангсозӣ карда мешаванд.

Бо ғалабаи Инқилоби исломии Эрон дар ин кишвар низоми ҳокимият ба куллӣ тағйир ёфт. Хонаводаи шоҳ, аксари ҳокимон ва сармоядорон аз тарсу ҳарос ва азиятҳои ба халқи худ додаашон бо миллиардҳо доллари америкой ба мамлакатҳои хориҷ рӯ ба гурез ниҳоданд. Танҳо маблағи мероси ба писари худ гузоштаи Муҳаммад Ризошоҳи Паҳлавӣ дар бонкҳои Швейтсария 30 миллиард долларро ташкил медод. Беҳтарин дастовардҳои миллӣ, ёдгориҳои қадима, сарватҳои қиматбаҳои кишварро низ аз мамлакати худ берун бароварданд.

Иқтисодиёти мамлакат баъд аз инқилоб миллӣ кунонида шуда, дар асоси банақшагирии марказонидашудаи давлатӣ таҳти роҳбарии Президент пеш бурда мешуд. Тамоми соҳаҳои саноати вазнин,

пешина
аз 785
навбатӣ