Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
коркарди маъдан, ширкатҳои истихроҷи нафт ва коркарди он, савдои хориҷӣ ва фаъолияти бонкҳо то имрӯз давлатӣ мондаанд.
Роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Эрон, пеш аз ҳама, ба муҳимтарин сарчашмаҳои таъминкунандаи пешрафти иқтисодии мамлакат, захираи бузурги нафт, сарватҳои табиӣ, соҳаҳои азими кишоварзӣ ва маҳсулоти саноати вазнин ва сабук такя менамуд.
Баъд аз инқилоби исломии Эрон тамоми мулкдорони хусусии роҳбарони ширкатҳои нафтистеҳсолкунанда, мудирони корхонаҳои истеҳсолӣ, фабрикаву заводҳо, соҳибони отелҳо, тарабхонаҳо моликияти худро партофта аз тарсу ҳарос ба кишварҳои хориҷ фирор карданд. Дар муҳлати кӯтоҳтарин тамоми молу мулки онҳо - корхонаҳои саноати вазнин, коркарди маъдан, ширкатҳои истеҳсолкунандаи нафт, созмонҳои тиҷорати хориҷӣ, бонкҳо миллӣ кунонида шуда, зери назорати давлат қарор дода шуданд.
Қисми зиёди заминҳо ба деҳқонони яккахоҷагӣ тақсим карда шуданд. Аммо бояд қайд кард, ки давлат ба воситаи намояндагони вазорати кишоварзии Эрон ба яккахоҷагиҳо кӯмакҳои лозимиро сари вақт расонида, барои истеҳсоли маҳсулоти зарурӣ созишномаҳо ба имзо мерасанд. Солҳои минбаъда аҳолӣ бештар лаблабуи қанд, сабзавот, пахта истеҳсол карда, корхонаҳои саноати коркардро бо ашёи хом таъмин менамояд.
Корҳои зиёди кофтуковии геологӣ ва тадқиқотҳои илмии даҳсолаҳои охир нишон доданд, ки сарзамини Эрон аз сарватҳои зеризаминӣ яке аз бойтарин кишвар ба шумор меравад.
Дар аввали соли 2001 иқтидори саноати коркарди нафт дар як рӯз ба 610 ҳазор баррел расонида шуд. Ин рӯзҳо дар Эрон дар асоси маҳсулоти нафтӣ садҳо корхонаҳои истеҳсоли ранг, корхонаҳои химиявӣ оид ба истеҳсоли маводи аввали шампун, маводи шӯянда, пастаи дандоншӯй, нахҳои синтетикӣ, кошин (кафел), зарфҳои сафолин, резина, ширеш, маводи коркарди пӯст, маҳлулкунандаҳо, равғанҳои молиданӣ барои мошинҳо, парафин, антифриз, рангҳои махсус барои саноати киштисозӣ, силикон, термоселикон, равғани тормоз, рангҳои мухталиф, шишапахта, изоляторҳои гуногун барои кам кардани садо, батареяҳои қувват,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор