Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳазор адад таҷҳизоти техникии роҳсозӣ истеҳсол карда мешавад, ки аксарияти онҳо дар худи Эрон истифода мешаванд.

Вобаста ба мавҷудияти маводи аввала дар Эрон ба бунёди корхонаҳои азими саноатии истеҳсоли молҳои ниёзи мардум эътибори махсус дода шуд. Дар корхонаҳои саноатии Эрон якчанд тамғаи яхдонҳои "Порс", "Электростил", асбобҳои рӯзгори корхонаи "Порс Хазар", "Алборг", печкаҳои газӣ ва обгармкунакҳои "Оламафрӯз", телевизорҳои "Грюндик", "Шаҳоб" ва ғайра, компютерҳо, антенаҳои радифӣ, молҳои рӯзгор, хоҷагӣ истеҳсол карда мешаванд.

Бо пешрафти соҳаи сохтмон ва истифодаи масолеҳи ҳозиразамон хонаҳои истиқоматӣ, отелҳои боҳашамат, марказҳои тиҷоратии замонавӣ ба зебогии шаҳрҳои Эрон ҳусни зиёде зам мекунанд. Даҳсолаи аввали баъд аз инқилоб зери назорати ташкилотҳои беҳдошт бо озуқаи баландсифати ватанӣ таъмин кардани аҳолии Эрон мақсади аввалиндараҷаи ҳукумати кишвар буд.
Имрӯзҳо қариб тамоми маводи аввалаи саноати хӯрокворӣ дар худи Эрон тавлид мешавад. Барои таъмини соҳаҳои гуногуни саноати озуқа бо маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсоли он қариб пурра махсус гардонида шудааст.

Бо вуҷуди то ба 100 доллари ШМА расидани музди миёнаи якмоҳаи аҳолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши ба аҳолӣ фурӯхтани озуқавории аввалиндараҷа имтиёзҳои зиёде пешбинӣ намудааст.

Эътибори махсус ба масъалаҳои беҳдошт боиси дар саросари Эрон фаъолият намудани ҳазорҳо корхонаҳои миёна ва бузурги истеҳсоли собуни ҷомашӯӣ ва дастшӯй гардид. Ширкатҳои бузурги Поксон, Покваш, Тулуперси Эрон ба истеҳсоли маводи шӯяндаи Барф, Сафо, Дарё сару кор доранд. Маҳсулоти онҳоро дар тамоми гӯшаю канори дунё мешиносанд. Барои таъмини бехатарии саломатии мардуми Эрон корхонаи азими "Серупсозии Сомон" дар шаҳри Машҳад, оид ба истеҳсоли глюкоза, декстроза ва оби махсуси тиббӣ ширкатҳои бузурги дистрибютории тиббӣ оид ба истеҳсоли таҷҳизоти беморхона, сӯзандору ба роҳ монда шуданд.

пешина
аз 785
навбатӣ