Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Маҳсулоти номбаршуда берун аз марзи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам талаботи зиёд доранд. Номгӯи зиёди он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ворид карда мешавад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳолии худро пурра бо равғани озуқа таъмин намуда, солҳои охир ба содироти он низ шурӯъ намудааст. Равғанҳои истеҳсоли корхонаҳои Эронро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истеъмол мекунанд.
Пешрафти иқтисодии мамлакат пеш аз ҳама дар асоси бароҳмонии истеҳсоли барқ дар мамлакат таъмин карда шуд. Агар то пирӯзии инқилоб дар саросари кишвар тавассути мутахассисони хориҷӣ ҳамагӣ 13-то нерӯгоҳи барқӣ сохта шуда бошанд, дар тӯли бист соли охир шумораи онҳо ба 48 адад расид, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 90 миллиард кВт-соат қувваи барқ истеҳсол мекунанд.
Имрӯзҳо эрониҳо тамоми проблемаҳои худро бо истифодаи системаҳои алоқаи радифӣ дар дақиқаҳо ҳал мекунанд. Системаи алоқа як ҷузъи ҳаётии онҳо гардидааст. Ду сол аст, ки дар шаҳри Теҳрон маркази ахборот бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳозонида шудааст, ки баландии манораи он 375 метр буда, аз ҷиҳати зебоӣ, истифодаи сад дар сади худ дар ҷаҳон ба худ ҳамто надорад.
Дастраси умум шудани телефонҳои сайёр арзиши истифодаи солонаи онро ночиз карда мондааст.
Дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Исломии Эрон соҳаи кишоварзӣ нақши бузург дорад. Бо истифодаи усулҳои нави агротехникаи пешқадами дунё, истифодаи оқилонаи об ва махсусгардонии истеҳсолот ҳаҷми умумии маҳсулот якбора зиёд шуда, кишоварзӣ ба соҳаи даромадноктарини мамлакат мубаддал гашт. Соҳаи кишоварзӣ имрӯзҳо дар ихтиёри худ 51 млн. гектар замин дорад, ки 17,2 млн. гектари он махсус гардонида шудааст. 46,5%-и заминҳо дар Эрон обӣ буда, 53,5%-и онҳо лалмӣ мебошад. Тамоми соҳаи кишоварзӣ аз марказ ба воситаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар биноҳои бузург ва зеботарини шаҳри Техрон воқеъ гардидааст, идора карда мешавад. Даҳҳо сол аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар миқёси ҷаҳон аз бобати тавлиди писта ва хурмо дар мақоми аввал, зардолу - мақоми дуюм, мавиз - мақоми сеюм.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор