Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
пардохти андоз аз даромад ва сармоя, Ёддошт дар бораи инкишофи муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ёддошт оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди созандагии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расиданд.
Аз оғози соли 1997 чанде аз бандҳои тафоҳумномаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ татбиқ гардиданд, ки намоишу фурӯши молҳои эронӣ дар шаҳри Душанбе, ифтитоҳи корандозии корхонаи паррандапарварии Кофарниҳон ва маркази омӯзиши дарздӯзӣ дар ш. Душанбе ва оғози кори корхонаи нӯшокибарории "Замзам"-и ш. Душанберо ном бурдан мумкин аст. Махсусан қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳамкориҳо дар соҳаи нафту газ байни Кумитаи нафту гази Тоҷикистон ва ширкати байналмилалии "Рунош Деж" низ дар ҳамин давра шурӯъ шуда, қарордоди лозима ба имзо расид ва ҳамчунин Барномаи эҳёи саноати нафту гази Тоҷикистон барои 5 сол таҳия карда шуд. Дар бобати ба истифода додани кони гази Хоҷасартез ва сохтани дастгоҳи газсофкунанда масъалаҳо баррасӣ гардиданд.
Барои пешрафти баъзе соҳаҳои ҳамкории мо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон сафари расмии Президенти собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон Рафсанҷонӣ нақши қобили мулоҳиза бозид. Ин боздид 9-12 майи соли 1997 баргузор шуда, дар ҷараёни он боз ҳафт ҳуҷҷат оид ба робитаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид. Нуктаи асосии ин ҳуҷҷатҳо аз он иборат аст, ки "Тарафи Тоҷикистон таъкид намуд, ки барои иштироки муассисаҳои иқтисодии Тарафи эронӣ дар бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, роҳҳои автомобилгард, истихроҷ ва баҳрабардорӣ аз захираҳои табиӣ, аз ҷумла нафту газ ва азхуд кардани заминҳои нав шароити лозимаи ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ муҳайё карда мешавад."
Тарафи эронӣ ӯҳдадор шуд, ки "Дар шакли иштироки бевосита, дар шакли сармоягузориҳои бевосита мувофиқи муқаррароти қонунҳои дохилии ду кишвар ва меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ" дар бунёди нақшаҳо ва иншооти иқтисодии Тоҷикистон иштирок хоҳад кард. Дар гуфтушунид ва ҳуҷҷатҳои дар ҷараёни сафари ҳайати олимақоми Ҷумҳурии Исломии Эрон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор