Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

баимзорасида. ҳамкории ду кишвар дар сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда ва як қатор объектҳои барои иқтисодиёти Тоҷикистон муҳим таъкид карда шуд.

Дар ҷараёни ин сафар илова ба ҳуҷҷатҳои баимзорасида боз чанд ҳуҷҷати байнидавлатӣ ба имзо расид, ки дар онҳо ҳамкорӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт пешбинӣ шудааст.

Солҳои охир Ҷумҳурии Исломии Эрон ба яке аз давлатҳои мутараққии қитъаи Осиё табдил ёфта, нақши он дар пешбурди бахшҳои гуногуни иқтисодию саноатии ҷаҳон назаррас аст. Имрӯзҳо Эрон на танҳо маркази бузурги саноатӣ, балки яке аз мамлакатҳои асосии содиркунандаи нафти ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Солҳои охир дар таҳкими робитаҳои гуногунсоҳа ва сулҳи ҷаҳонӣ торафт нақши муАССИРИ худро мегузорад. 9 декабри соли 1997 дар Теҳрон Иҷлосияи 8-уми Созмони Конференсияи Исломӣ баргузор гардид, ки дар он сарварони кишварҳои узви созмон ширкат варзиданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов рӯзи 8 декабри соли 1997 ҷиҳати ширкат дар ин иҷлосия ба Теҳрон омад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии "Меҳробод"-и Теҳрон, ки бо парчамҳои миллии ҳар ду мамлакат оро ёфта буд, сардори давлати Тоҷикистонро Президенти нави Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Муҳаммади Хотамӣ гарму ҷӯшон пешвоз гирифт.

Бояд хотирнишин сохт, ки Созмони Конференсияи Исломӣ моҳи сентябри соли 1969 ташкил гардида, то имрӯз 54 давлат аъзои он мебошанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол моҳи декабри соли 1992 ба узвияти он қабул шуда, робитаҳои худро бо кишварҳои аъзои Созмон асосан дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои иқтисодӣ пеш мебарад.

Қабл аз оғози кори иҷлосияи 8-ум Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Э.Раҳмонов бо Дабири кулли Созмони Конференсияи
Исломӣ Яъзуддин Ал-Ироқӣ дар атрофи масъалаҳои марбут ба
рӯзномаи конференсия мулоқот анҷом ёфт. Дар ҷараёни сӯҳбат
масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои
Тоҷикистон бо кишварҳои узви Созмони Конференсияи Исломӣ ва
сохторҳои ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ, ҳаллу фасли

пешина
аз 785
навбатӣ