Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

давоми ҷадвали №1

Африкаи Ҷанубӣ
Ботсвана 1,5 2 3,0 Намибия 1,5 2 3,0
Лесото 2,1 2 4,2 ҶАҶ 41,5 42 71

Африкаи Ғарбӣ
Бенин 5,4 6 12,3 Мали 10,8 11 24,6
Буркина-Фасо 10,3 11 21,7 Мавритания 2,3 3 4,4
Кот-д'Ивуар 14,3 15 36,8 Нигер 9,2 10 22,4
Гана 17,5 19 38,0 Нигерия 111,7 124 238,4
Гвинея 6,7 7 15,1 Сенегал 8,3 9 16,9
Гвинея-Бисау 1,1 1,2 2,0 Сиерра-Леоне 4,5 5 8,7
Либерия 3,0 4 7,2 Того 4,1 5 9,4

Океания
Австралия 18,1 19 24,7 Зеландияи Нав 3,6 4 4,4
Микронезия 5,8 5,9 10,1 Папуа-Гвинеяи Нав 4,3 5 7,5
Каледонияи Нав 0,2 0,2 0,3 Вануату 0,2 0,2 0,3

Давлатҳои ИДМ
Арманистон 3,6 3,8 4,7 Молдания 4,4 4,6 5,1
Озарбойҷон 7,6 7,7 10,1 Россия 147,0 145,6 138,5
Белоруссия 10,1 10,3 9,9 Тоҷикистон 6,0 6,1 11,8
Гурҷистон 5,5 5,5 6,1 Туркманистон 4,1 5,0 6,7
Қазоқистон 17,3 17,1 21,7 Украина 51,4 49,7 48,7
Қирғизистон 4,7 5,0 7,1 Узбекистон 22,8 24,5 37,7

Албатта, аз тарафи дигар, агар чунин тамоил бо пешрафти босуръати истеҳсолот дастгирӣ карда нашавад, вазъи иҷтимоии ин давлатҳо оҳиста-оҳиста бад шуда, боиси норозигии мардум мегардад ва ба ҷунбишҳои миллӣ оварда мерасонад.

Бо мақсади пешгирӣ намудани чунин амалҳо дар даҳсолаи охири асри XX қариб ҳамаи давлатҳои рӯ ба инкишоф вобаста ба урфу одатҳои худ тадбирҳои зиёдеро дар бобати аз афзоиши босуръати аҳолӣ ба афзоиши мӯътадили он гузаштан, андешиданд.

Бар хилофи афзоиши аҳолии давлатҳои рӯ ба инкишоф дар ин давра афзоиши аҳолӣ дар давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққӣкардаи ҷаҳон ҳамагӣ 0,66% ташкил додааст.

пешина
аз 785
навбатӣ