Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
"Ҷаҳони пайём" дар шаҳри Душанбе, бакорандозии корхонаи паррандапарварии Кофарниҳон ва маркази омӯзиши дарздӯзӣ дар шаҳри Душанбе ва оғози кори корхонаи нӯшокибарории "Замзам"-и Душанберо ном бурдан мумкин аст. Махсусан қайд кардан лозим аст, ки байни Кумитаи нафту гази Тоҷикистон ва ширкати байналмилалии "Рунош Деж" низ ҳамкориҳо шурӯъ шуда, қарордоди зарурӣ ба имзо расид ва ҳамчунин Барномаи эҳёи саноати нафту гази Тоҷикистон барои 5 сол таҳия карда шуд. Дар бобати ба истифода додани кони гази Хоҷасартез ва сохтани дастгоҳи газсофкунанда масъалаҳо баррасӣ гардиданд.
Дар шаҳри Душанбе шӯъбаи бонки "Тиҷорат"-и Ҷумҳурии Исломии Эрон кушода шуд.
Таҳқиқу пайгирии мавзӯи ҳамкориҳои иқтисодии дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон нишон медиҳад, ки пешрафти муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишвари ҳамзабон нисбат ба имкониятҳои мавҷудбуда он қадар назаррас нест ва сабаби он нуқсонҳое мебошанд, ки ҳам аз тарафи Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи Эрон ба назар мерасанд.
Ин масъала дар ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки моҳи ноябри соли 1998 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тарафайн зимни баррасии тамоми ҳамкориҳое, ки доштанд, ба хусус дар чорчӯбаи иҷрои Ёддошти тафоҳуми ҷаласаи аввали Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон монеаҳои дар сари роҳи густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар мавҷудбударо мавриди таҳлил қарор дода, ба иҷрои тафоҳумномаҳои марбут ба ҳамкориҳои кишоварзӣ, иқтисодиву техникӣ ва фарҳангӣ таъкид варзиданд ва мувофиқат намуданд, ки барои рафъи ҳамаи монеаҳои мавҷуд ҷиҳати ба амал баровардани ҳамкориҳои тавофуқшудаи қаблӣ саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар натиҷаи кори Комиссияи муштарак бисёр соҳаҳои ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Эрон таҷдиди назар карда шуда, барои мушаххас намудани объектҳои ҳамкорӣ аз ҳар ду тараф

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор