Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Осоиштагии сиёсии муноқишаи дохилии Афғонистон ва масъалаҳои дигар муҳокима гардиданд.

Рӯзи 9 декабри соли 1997 иҷлосияи ҳантуми Созмони Конференсияи Исломӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар кори он роҳбарони давлату ҳукуматҳои тақрибан шаст мамлакат ва бист созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.

Ба рӯзномаи иҷлосия беш аз сад масъалаҳои ҳалталаби рӯз дохил шуда буд, ки масъалаҳои асосӣ, аз қабили барқарорсозӣ ва тараққии робитаҳои судманди иқтисодӣ, мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи нашъа, ҳалли осоиштаи бӯҳрони Афғонистон, инчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди назар қарор гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки иҷлосияи ҳаштуми Созмон таваҷҷӯҳи оламиёнро ба худ ҷалб кард.

Рӯзи даҳуми декабри соли 1997 Президенти Тоҷикистон бо роҳбари инқилоби Исломии Эрон Оятулло Саид Алӣ Ҳоменей вохӯрд. Дар ҷараёни сӯҳбат оид ба масъалаҳои таърихи пайдоиш ва давраҳои минбаъдаи инкишофи тамаддуни исломӣ, асосҳои боэътимоди муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф мубодилаи афкор ба амал омад.

Дар вохӯрии Президенти Тоҷикистон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Муҳаммади Ҳотамӣ бошад, масъалаҳои вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии дуҷониба, ҷараёни татбиқи созишномаҳои сулҳ, инкишофи авзои минтақа ва мушкилоти Афғонистон муҳокима шуданд. Э. Раҳмонов манфиатдор будани тарафи Тоҷикистонро дар пешрафти робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар сатҳе, ки имрӯз ҳамкориҳои фарҳангии ду ҷониб қарор доранд,
иброз намуд. Роҳбари Эрон таъкид сохт, ки кишвараш минбаъд низ омодааст ба раванди сулҳ ва барқарорсозии иқтисодиёти баъдиҷангии Тоҷикистон мусоидат кунад. Ӯ изҳор намуд, ки ба мақомоти марбутаи ҳукумат дастур додааст, ки фаъолияти комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ ҳарчи зудтар фаъол гардонда шаванд.

Аз оғози соли 1997 чанде аз бандҳои созишномаҳои
иқтисодиву тиҷоратӣ татбиқ гардиданд, ки намоишу фурӯши молҳои
эронӣ дар шаҳри Душанбе, ифтитоҳи фурӯшгоҳи доимии муассисан

пешина
аз 785
навбатӣ