Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
рушду тавсеаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои байни маҷлисҳои ду кишвар бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои гурӯҳҳои дӯстии парламентӣ таъкид кардаанд.
Дар Эъломия бунёди марказҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе, сохтмони маркази минтақавии намоишгоҳи байналмилалии иқтисодиву фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе пешбинӣ карда шудааст.
Байни шаҳрҳои Теҳрону Душанбе қарордоди ҳамкорӣ барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба ба мувофиқа расид. Барои пешрафти ҳамкориҳои судманди бародаршаҳрӣ — табодули таҷриба ва ҳайатҳои корӣ, барномаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, муҳофизати муҳити зист, ҳамлу нақли боркашонӣ, шаҳрсозӣ ва меъморӣ шароити мусоид фароҳам оварда, барои иҷрои онҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Тарафи Тоҷикистон барои фаъолияти тоҷирон ва сармоягузорони эронӣ ва ҳимояи онҳо заминаҳои қонунии лозимаро фароҳам меоваранд. Инчунин талаб карданд, ки барои транзити борҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон низ заминаҳои қонунии лозима фароҳам оварда шавад.
Тарафҳо зарурати иштирок ва ҳамкории фаъолонаи ду кишварро дар ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, махсусан дар чорчӯбаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Созмони Конфронсияи исломӣ ва иттиҳодияи байни маҷлисҳо таъкид намуданд.
Тарафҳо дар хусуси Афғонистон таъкид намуданд, ки бӯҳрони Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад. Барои пойдории сулҳ бояд гурӯҳҳои афғонӣ аз истифодаи зӯрӣ худдорӣ намоянд ва бо роҳи музокироти сулҳомез дар ин кишвар заминаи ташкили як давлати бузургро фароҳам оваранд.
Ин сафар дар раванди рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳа,
махсусан робитаҳои байнипарлумонии кишварҳоямон заминаи устуворе хоҳад гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор