Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Бо вуҷуди ба даст овардани истиқлолият, вазъи бе ин ҳам хароби кишварро муборизаҳои сиёсӣ дар дохили иттиҳодияи мусулмонҳо миёни гурӯҳҳои гуногун боз ҳам вазнинтар менамуданд.
29 феврали соли 1956 Маҷлиси муассисон Қонуни асосии кишварро қабул намуда, Покистонро Ҷумҳурии Исломии Федералӣ эълон намуд.
Ба ҳайати музофоти Покистони Ғарбӣ чор вилояти қисмати ғарбии кишвар - Панҷоб, Синд, Балучистон ва Музофоти Шимолу Ғарб муттаҳид шуданд.
Дар натиҷаи чунин муборизаҳо роҳбарияти мамлакат дар давраҳои хеле кӯтоҳ аз як ҳизб ба ҳизби дигар мегузашт.
Агар моҳи сентябри соли 1956 ба сари қудрат Ҳусайн Шоҳид Сӯҳравардӣ аз ҳизби "Лигаи халқӣ ва ҳизби ҷумҳурихоҳон" омада бошад, моҳи сентябри соли 1957 ҳукумат бо сарварии Иброҳим Чундригор ба сари қудрат омад ва дере нагузашта, моҳи декабри ҳамин сол, Малик Фарозхон Нун (ҳизби ҷумҳурихоҳон) ҳокимиятро ба даст гирифт. Моҳи октябри соли 1958 дар кишвар таҳти роҳбарии сарфармондеҳи кулли қувваҳои мусаллаҳ генерал Муҳаммад Айюбхон табадуллоти низомӣ рух дод, ки фаъолияти тамоми ҳизбҳои сиёсию ҷунбишҳои мардумиро манъ кард ва мансаби садри аъзамиро барҳам дод.
Муҳаммад Айюбхон фаъолияти худро аз ислоҳоти иқтисодии мамлакат оғоз намуда, дар мӯҳлати хеле кӯтоҳ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳои беназир ноил гардид.
Мувофиқи ислоҳоти замин, ки дар кишвар гузаронида шуд, қисми зиёди заминҳои заминдорони маҳаллӣ ба халқи меҳнаткаш тақсим карда шуд. Чунин иқдоми нек аз тарафи мардум хуб истиқбол гардида, дар солҳои аввал натиҷаҳои назаррас дод. Солҳои 1960-1961 истеҳсоли ғалла қариб ба дараҷаи солҳои 1950-51 расонида шуда, ҳаҷми истеҳсоли он 3 млн.у 814 ҳазор тоннаро ташкил медод. Истеҳсоли биринҷ ба 1030 ҳазор тонна, найшакар 11,6 млн. тонна расонида шуд, ки ин миқдор нисбати солҳои 1950-51 қариб ду маротиба зиёд буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор