Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
техникӣ, дастгоҳҳои оҳанбурӣ, прессҳои оҳангарӣ (дастгоҳҳои фишуранда), таҷҳизоти борбардори нақлиётӣ, дастгоҳҳо барои саноати хӯрокворӣ, саноати сабук ва вазнин, тракторҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, мошинҳои боркашу роҳсозӣ, ҳавопаймоҳо, нуриҳои минералӣ, шиша, коғаз, пашм ва ғайра фиристонда мешуд.
Аз маҳсулот ва молҳои истеҳсоли корхонаҳои Тоҷикистон бо тариқи созмонҳои дар боло номбурда ба Покистон дастгоҳҳои саноати ресандагӣ, бофандагӣ, яхдонҳои "Помир", трансформаторҳои гуногунтамға, матоъҳои пахтагин, абрешим, пилла, пашм, пӯст, оҳанпора содир карда мешуд.
Содироти солонаи молҳои ду давлат (Иттиҳоди Шӯравӣ ва Покистон) ба ҳисоби миёна дар соли 1990 зиёда аз 200 млн. рубли Шӯравӣ ё ин ки 334 млн. доллари амрикоиро ташкил менамуд.
Баъд аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон муносибатҳои бевоситаи Тоҷикистон ва Покистон ба сатҳи нав баромаданд.
Ҳукумати Покистон дар байни давлатҳои навбунёди Осиёи Миёна соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохта, яке аз аввалинҳо шуда сафоратхонаи худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд.
Дар натиҷаи вусъат ёфтани муносибатҳои дуҷониба аввалин сафарҳои расмии ҳайатҳои ҳукуматии ду давлат сурат гирифт.
Соли 1992 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Форуқ Аҳмадхони Лағорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Набиев Р.Н. бо ҳайати расмӣ ба пойтахти Покистон, шаҳри Исломобод сафар намуд.
Дар ҷараёни ин сафар, 1 июни соли 1992 дар баробари шиносӣ бо роҳбарияти олимақоми давлати Покистон, комёбиҳои бадастовардаи ин кишвар дар соҳаи истеҳсолот, илм ва техника якчанд созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо расид:
-
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисодиёт.
-
Эъломия оид ба принсипҳои ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор