Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
§14.11. МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ
Туркия дар Ҷанубу Ғарби Осиё (қисми зиёди ҳудуди он) ва Ҷанубу Шарқи Европа ҷойгир аст. Дар ҷануб бо Сурия (822 км) ва Ироқ (331 км), дар шарқ бо Эрон (499 км), дар шимолу шарқ бо Арманистон (268 км), Гурҷистон (252 км) ва Озарбойҷон (вилояти Нахичеван 9 км), дар шимолу ғарб бо Булғория (240 км) ва Юнон (206 км) ҳамсарҳад мебошад. Аҳолии Туркия мувофиқи маълумотҳои соли 1995 қариб 64 миллион нафарро ташкил медод. Ба ҳайати кишвар 75 вилоят дохил мешаванд.
Ҷумҳурии Туркия 29 октябри соли 1923 давлати мустақил эълон карда шуд.
Иқтисодиёти Туркия дар зинаи мураккаби гузариш аз иқтисодиёти мутамарказ ба иқтисодиёти бозорӣ қарор дорад. Соҳаҳои тараққикардаи саноати Туркия саноати истихроҷи маъдан (ангишт, хромит, мис, бор), металлургия, нафт, бофандагӣ, озуқа ва сохтмон ба шумор мераванд. Дар соҳаи кишоварзии Туркия тамоку, пахта, зироатҳои ғалладона, зайтун, зироатҳои лӯбиёгӣ, ситрусӣ, лаблабуи қанд парвариш меёбанд. Соҳаи чорводорӣ низ дар ин кишвар тараққӣ ёфтааст. Туркия аслан эҳтиёҷоти дохилии худро бо озуқа пурра таъмин намуда, маҳсулоти кишоварзиашро ба дигар кишварҳои ҷаҳон содир менамояд. Ин кишвар яке аз бузургтарин таҳвилгарони маҳсулоти бофандагӣ, либос ва яхдонҳо ба кишварҳои Европа мебошад. Туркия ҳамчунин мошинҳои сабукрав, мошинаҳои боркаш, автобусҳо, тракторҳо ва қисмҳои автомобил, таҷҳизоти телефонӣ ва электронӣ, фулузот ва пӯлод, шиша ва сафол, маҳсулоти заргарӣ ва молҳои истеъмолиро ба дигар кишварҳои ҷаҳон содир менамояд. Тоҷирони туркӣ тамоми минтақаро бо истифода аз мавқеи марказии Туркия, ки роҳҳои хушкии байни Европаю Осиё ва роҳҳои обии байни Баҳрҳои Сиёҳ ва Миёназаминро назорат мекунад, фаро гирифтаанд.
Туркия дар бахши ҷалби сармояи хориҷӣ ба комёбиҳои зиёд ноил гардидааст. Бештар аз 400 ширкатҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор