Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Туркия маблағгузорӣ намудаанд. Соҳаҳои асосии маблағгузории имконпазир ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ин кишвар энергетика ва телекоммуникатсия, кишоварзӣ ва истеҳсолоти агросаноатӣ, истеҳсоли техникии сохмонӣ ва масолеҳу бинокорӣ, саноати электроника, фарматсевтика, тибби хусусӣ ва туризм ба шумора мераванд. Бозорҳои молиявии Истамбул ба ЕвроПай Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ хизмат мерасонанд.

Туркия бо кишварҳои баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бунёдгардида робитаҳои мустаҳками тиҷоратӣ дорад. Пудратчиёни туркӣ дар ин кишварҳо барои анҷом додани корҳо ба маблағи умумии 10 млрд. доллари ШМА қарордодҳо бастаанд. Туркия ҳамчунин барномаҳои зиёди кӯмакро ба давлатҳои ба қарибӣ мустақилгардида амалӣ менамояд.

Аз ҷумла Туркия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои мустаҳками иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ барқарор намудааст.

Ҷумҳурии Туркия истиқлолияти Тоҷикистонро моҳи январи соли 1992 шинохт ва ҳамзамон дар сатҳи сафоратҳо муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Аз моҳи апрели соли 1993 дар Тоҷикистон сафорати Ҷумҳурии Туркия фаъолият менамояд. Дар Туркия низ сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст. Тибқи натиҷаҳои вохӯрии роҳбарони ду кишвар Э. Раҳмонов ва С. Демирел 8 июли соли 1993 дар Истамбул Созишнома оид ба принсипҳои асосии муносибатҳои дӯстонаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия ба имзо расид.

Дар давраи сафари ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркия моҳи апрели соли 1993 ду ҳуҷҷат - Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия ва Созишнома дар бобати ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани кредит ба маблағи 50 млн доллари ШМА ба имзо расонданд.

8 сентябри соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи расмӣ овард. Дар ҷараёни ин сафари расмӣ якчанд созишнома миёни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ба имзо расиданд. Аз ҷумла, созишномаи

пешина
аз 785
навбатӣ