Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
§ 14.12. МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ВЕТНАМ
Ветнам дар қисмати ҷанубу шарқии Осиё ҷойгир буда, дар ғарб бо Лаос (1555 км) ва Камбоҷа (982 км), дар шимол бо Хитой (1281 км) ҳамсарҳад буда, дар шарқ Ветнамро баҳрҳои Хитои Ҷанубӣ иҳота намудаанд. Ветнам зиёда аз 74 миллион аҳолӣ дорад. Қисми асосии аҳолии Ветнамро (83%) ветнамиҳо ташкил мекунанд. Дар ин кишвар инчунин хитойҳо ва дигар гурӯҳҳои этникӣ истиқомат доранд.
Ветнам 2 сентябри соли 1945 истиқлолият ба даст овард. Дар иқтисодиёти мутамаркази Ветнам моликияти давлатӣ ба воситаҳои истеҳсолот афзалият дорад. Соҳаи асосии иқтисодиёти ин кишвар кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин соҳа зиёда аз нисфи маҷмӯи маҳсулоти миллӣ истеҳсол гардида, 70%-и аҳолии қобили меҳнат фаъолият менамоянд. Зироати асосии кишоварзии Ветнам шолӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчунин ҷуворимакка, сорго, маниок, батап (картошкаи ширин) дар ҳаҷми зиёд истеҳсол мегардад. Зироатҳои муҳимтарини тиҷоратии Ветнам каучӯк, офтобпараст, кофе ва чой ба ҳисоб мераванд. Қисми зиёди захираҳои минералии ин кишвар дар қисмати шимоли он ҷойгир шудаанд, аз ҷумла ангишт. Соли 1986 дар Ветнам захираҳои бузурги нафт кашф гардиданд. Имрӯзҳо нафт ва биринҷ молҳои асосии содиротии ин кишвар ба ҳисоб мераванд. Соҳаҳои бештар тараққикардаи саноати Ветнам саноати озуқа, бофандагӣ, истихроҷи маъдан, соҳаҳои саноати истихроҷи нафт ва мошинсозӣ ба шумор мераванд. Дар натиҷаи ислоҳоти ҳукумати ин кишвар фаъолияти иқтисодии бахши хусусӣ ривоҷ ёфтааст.
То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ робитаҳои асосии иқтисодии хориҷии ин кишвар асосан бо ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ хеле хуб ба роҳ монда шуда буданд. Аз ҷумла Ветнам бо Тоҷикистон робитаҳои мустаҳками тиҷоратию иқтисодӣ дошт.
Дар даврони шӯравӣ маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, аз ҷумла заводи "Тоҷиктекстилмаш"-и Душанбе, заводи яхдони Душанбе, корхонаҳои "Торгмаш"-и Душанбе ва Ленинобод, нахи пахта ба ин кишвар содир мегардид. Аз Ветнам низ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор