Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мутобиқи Созишнома дар соҳаи маориф ҳар сол Ҷумҳурии Туркия барои таҳсили донишҷӯёни Тоҷикистон дар мактабҳои олии Туркия квотаҳо ҷудо менамоянд. Соли 2000 мутобиқи квота 37 шаҳрванди ҷумҳурии мо имконият пайдо намуданд, дар мактабҳои олии Туркия таҳсили худро идома диҳанд. Ҳоло дар маҷмӯъ бештар аз 300 донишҷӯ аз Тоҷикистон дар ин кишвар таҳсил менамоянд. Мутобиқи Созишномаи имзогардидаи байни вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи литсейҳои хусусии Туркия дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода литсейҳои тоҷикию туркӣ кушода шуданд.

Соли 1993 Ҷумҳурии Туркия ба Тоҷикистон стансияи радифии алоқаи телефонии байналхалқиро, ки аз ҷониби мутахассисони Туркия насб карда шуд, тӯҳфа намуд. Арзиши умумии ин таҷҳизот 2 млн. доллари ШМА-ро ташкил медиҳад.

Моҳи сентябри соли 1995 дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Туркия С. Демирел ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе намояндагии агентии ҳамкории байналмилалии Туркия ифтитоҳ гардид.

Ҳаҷми муомилоти савдои байни Туркия ва Тоҷикистон низ рӯ ба афзоиш дод. (Ҷадвали №46)

Ҷадвали №46
Муомилоти савдои хориҷии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия
(ҳазор доллар)

с.1995с. 1996с. 1997с.1998с. 1999с.2000
Муомилоти савдои хориҷӣ214907233,613231,64264,42400,262437,3
Содирот10059,71911,78242,6367,71043,158390,7
Воридот11430,35311,94989,03896,71357,14046,6

Ҳаҷми умумии муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон агар дар соли 1999 - 2400,2 ҳазор долларро ташкил намуда бошад, соли 2000 ин нишондиҳанда 62437,3 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил дод.

пешина
аз 785
навбатӣ