Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар боби аввали китоб, ҳангоми таҳлили бахши хоҷагии ҷаҳонӣ, мо ба хонандагони мӯҳтарам, сабабҳои асосӣ ва зарурати бунёди созмонҳои байналмилалии иқтисодиро ба таври кӯтоҳ шарҳ дода будем. Инак, дар ин боб кӯшиш мекунем, ки ба Шумо аз шумораи хеле зиёди созмонҳои байналмилалии дар ҷаҳон таъсисёфта дар бораи муҳимтарини онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии худро кушода, бо давлати мо дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ ҳамкорӣ менамоянд, муфассал иттилоот диҳем.

Ҳамин тариқ, дар ҷараёни вусъатгирии интернатсионализатсияи хоҷагии ҷаҳонӣ баъд аз солҳои 50-ум давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон ба проблемаҳои зиёди гуногуни иқтисодӣ дучор мешуданд, ки бартараф намудани онҳо бо бастани созишномаҳои дуҷониба имконпазир набуд.

Умуман вуҷуд надоштани меъёрҳои муайянкунандаи ҳуқуқи истифодаи умумии фазо, уқёнусҳо, баҳрҳо, бандарҳои давлатҳои наздибаҳрӣ, роҳҳои оҳан ва автомобилгарди ҳудуди давлатҳои алоҳида садди роҳи ҳаракати мол ва тиҷорати байналмилалии давлатҳои дунё мегардиданд. Дар баробари ин проблемаҳои зиёд вобаста ба хусусиятҳои хоси молҳои содиротӣ, меъёри назорати сифати он, талаботи гуногуни гумрукӣ, муайян намудани арзиши истифодаи киштиҳо ва нақлиёти роҳи оҳан мушкилоти дар боло номбаршударо боз ҳам зиёд менамуд.

Масъалаи пешрафти ҳамкории иқтисодии давлатҳои ҷаҳон тамоман ранги дигар гирифта, ҳалли проблемаҳои ҷойдоштаро бо иштироки фаъолонаи тамоми давлатҳои ҷаҳон ва бунёди созмонҳои байналмилалӣ ба миён овард.

Албатта, маълум аст, ки бунёди созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба соҳаҳои мухталиф дар ин давра розигии давлатҳои алоҳида, иштироки фаъоли онҳо ва инчунин вобаста ба квотаҳои

пешина
аз 785
навбатӣ