Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

муайяншуда ҳиссагузории давлатҳоро талаб менамуд. Аммо бар хилофи чунин иқдоми нек, вазъи иқтисодии баъдиҷангии баъзе давлатҳои дунё ба иштирок кардан дар ин созмонҳо имконият намедод.

Аз ин ҷиҳат, Ассамблеяи Генералии СММ дар солҳои 1950- 1955 маҷбур шуд, ки бо қарори махсуси худ барои таъмини пешрафти тиҷорати байналмилалӣ ва иқтисодиёти давлатҳои Европаи Ғарбӣ Созмони Милали Муттаҳид доир ба тараққиёти истеҳсолот (ЮНИДО). Конференсияи СММ оид ба савдо ва тараққиёт (ЮНКТАД) ва Барномаи СММ оид ба муҳити атроф (ЮНЕП)-ро бунёд намояд.

Солҳои минбаъда бошад, оҳиста-оҳиста вобаста ба ҳалли фаврии масъалаҳои бамиёномада созмонҳои гуногуни байнидавлатӣ бунёд мегардиданд. Аммо таърихи 50-солаи охири асри XX гувоҳӣ медиҳад, ки бунёди созмонҳои байналхалқии иқтисодӣ бо иштироки давлатҳои ҷаҳон ба талаботи рӯзафзуни корхонаҳои истеҳсолӣ, ширкатҳои азим, ширкатҳои хусусӣ ва ҷамъиятҳои илмӣ ҷавобгӯ шуда наметавонанд. Онҳо барои таъмини пешрафти соҳаҳои худ маҷбур шуданд, ки бе иштироки давлат ба бунёди созмони худ шурӯъ намоянд. Ҳамин тариқ, имрӯзҳо созмонҳои байналхалқии иқтисодии дар ҷаҳон бамиёномада ба ду категория тақсим карда мешаванд:

созмонҳои байниҳукуматӣ (байнидавлатӣ);

созмонҳои ғайриҳукуматӣ (ғайридавлатӣ).

Таҳти мафҳуми созмонҳои байниҳукуматии иқтисодӣ мо созмонҳои байналхалқиеро дар назар дорем, ки аъзои комилҳуқуқи онҳо танҳо давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон баромаду намуда, бо имзои созишномаи махсус барои иҷро намудани мақсадҳои муайян, таъсис дода мешаванд. Мувофиқи низомнома ин созмонҳо сохтори марказии доимоамалкунандаи худро таъсис дода, барои ҳалли проблемаҳои ҷойдошта, барқарор намудани робитаҳои иқтисодӣ бо давлатҳои навбунёд, тайёр намудани ҳуҷҷатҳои лозимаи онҳо барои дохил шудан ба ин созмонҳо, бастани созишномаҳо, мувофиқи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ омода сохтани низомномаҳо,

пешина
аз 785
навбатӣ