Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

имтиёзнок, расонидани кӯмакҳои техникӣ, башардӯстона, дастгирии равандҳои демократӣ ва навсозиҳои иқтисодии давлатҳои соҳибистиқлол равона карда шудаанд.

Аз ин лиҳоз, имрӯзҳо ба созмонҳои байнидавлатии универсалӣ тамоми сохторҳои системаи роҳбарикунандаи СММ (Ассамблеяи Генералӣ, Шӯрои Амният, Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ, Шӯрои Васоят, Суди Байналмилалӣ ва Котибот), инчунин муассисаҳои махсусгардонидашудаи СММ, ки дар ҷаҳон дар шакли созмонҳои иқтисодии байналмилалӣ фаъолият мекунанд, ба мисли Хазинаи Байналмилалии Асъор (МВФ, с.1944); Бонки байналмилалии таҷдид ва тараққиёт ё онро Бонки ҷаҳонӣ меноманд (МБРР, с.1945) ва ташкилотҳои фаръии он — Иттиҳоди байналмилалии инкишоф (МАР), Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (МФК, с.1956), Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо (ТУС — ВТО) ва Конференсияи СММ оид ба савдо ва инкишоф (ЮНКТАД) дохил мешаванд.

  1. Созмонҳои байнидавлатие, ки хусусияти минтақавӣ ва байниминтақавӣ доранд.

Ин созмонҳо аз тарафи як гурӯҳ давлатҳои дар ҳудуди минтақаҳои муайяни дунё ҷойгирифта, бо мақсади фароҳам ҳал намудани масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва молиявӣ, таъмини рушд ва инкишофи соҳаҳои қафомонда, дастгирии молиявӣ ва расонидани кӯмакҳои техникӣ ба давлатҳои нисбатан қафомонда, бунёд карда мешаванд.

Дар минтақаи Европа бунёди Иттиҳоди Иқтисодии Европа (ЕС), дар минтақаи Осиёи Марказӣ Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), дар минтақаи Африка Созмони иттиҳоди Африка (ОАЕ) мисоли равшани бунёди ин созмонҳо шуда метавонад. Дар баробари ин солҳои охир олимони иқтисодшиноси ҷаҳон ба ин гурӯҳ "Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиёт" (ОЭСр), ки дар ҳайати худ давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи қитъаҳои гуногуни ҷаҳонро муттаҳид менамояд, ҳамчун раванди нави ҷараёни ҳамгироӣ дохил кардаанд.

пешина
аз 785
навбатӣ