Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
- Созмонҳои байналмилалии иқтисодие, ки дар соҳаҳои маҳдуд ва махсусгардонидашудаи бозори ҷаҳонӣ мавқеи асосиро ишғол намудаанд.
Ба ин гурӯҳи «Созмони байналмилалӣ оид ба қалъагӣ» (1956), «Созмони байналмилалӣ оид ба қаҳва» (1960), «Созмони давлатҳои содиркунандаи нафт» - ОПЕК (1960); «Созмони байналмилалӣ доир ба какао» (1970), «Созмони байналмилалӣ доир ба молҳои нассоҷӣ» (1974), Созмонҳо доир ба нӯшокиҳои «Пепси», «Кола», «Макдоналдс» дохил мешаванд.
Созмонҳои номбурда дар марказҳои бузурги тиҷоратии ҷаҳон идораҳои марказии худро таъсис дода, ба фаъолияти ташкилотҳои сершумори худ ва иҷрои вазифаҳои онҳо бевосита назорат мекунанд. Ин созмонҳо дар тамоми гӯшаю канори дунё намояндагиҳои комилҳуқуқи худро бунёд намуда, барои таблиғоти номгӯи молҳои махсуси созмон, ташкили савдо имтиёзҳои зиёдеро муҳайё намудаанд.
Омӯзиши зиёд ва ё кам шудани талаботи аҳолӣ, соҳаҳои махсуси истеҳсолот ба ин ё он намуди мол, назорат аз болои нархҳои ҷаҳонӣ, иштироки бевосита дар бозорҳои фурӯши доимоамалкунандаи ҷаҳонӣ, нигоҳдории таносуби нарх ва пешниҳоди мол пурра зери назорати ин созмон қарор дода шудааст. Онҳо аз натиҷаи фаъолияти худ мувофиқи нақша дар мӯҳлатҳои муайяншуда дар назди намояндагони давлатҳои аъзо ҳисобот медиҳанд. Ҳуқуқи баланд ва ё паст намудани арзиши ҷаҳонии нафт, қаҳва, какао, қалъагӣ, молҳои нассоҷӣ ва нӯшокиҳои зикршуда танҳо ба зиммаи маҷлиси намояндагони давлатҳои аъзо гузошта шудааст.
- Созмонҳои байналмилалии иқтисодие, ки фаъолияти онҳо дар асоси шартҳои муттаҳидшавии нимрасмӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба ин гурӯҳ созмонҳои зеринро дохил кардан мумкин аст:
• созмони Иттиҳоди давлатҳои "Ҳаштгона", ки ба он ШМА, Япония, Канада, ФРГ, Франция, Британияи Кабир, Италия ва Россия дохил мешаванд;
• ташкилоти (клуби) давлатҳои қарздиҳандаи Париж, ки дар сатҳи роҳбарияти байнидавлатӣ фаъолият менамояд;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор