Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

§15.1. СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

Созмони Милали Муттаҳид (СММ) созмони сатҳи олии сиёсии ҷаҳон ба шумор рафта, дар ҷамъомадҳои худ тамоми масъалаҳои рӯзмарраи глобалии ҷаҳонро ҳаллу фасл менамояд. Ҳаяти олирутбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Э.Раҳмонов дар тӯли 10 соли охир борҳо дар фаъолияти иҷлосияҳои ин созмон иштирок намуда, ҳатто соли 2000 Президенти Тоҷикистон ба ҳайси раиси иҷлосияи навбатии ин созмон интихоб шуда, дар муддати ду рӯз фаъолияти кории онро пеш бурд. Бо пешниҳоди Э.Раҳмонов Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро "Соли байналхалқии оби тоза" эълон намуд.

Аммо бояд қайд кард, ки дар баробари ҳалли проблемаҳои сиёсӣ, СММ барои таъмини пешрафти иқтисодии давлатҳои қафомондаи дунё созмонҳои зиёдеро вобаста ба ташкили кори савдо ва тараққиёти он, барномаи ҷаҳонии таъминоти маҳсулоти озуқа, назорат аз болои истифодаи нерӯи атом, ширкатҳои байналмилалии молиявӣ, фаъолияти соҳаи кишоварзӣ ва ғайра бунёд намудааст.

Имрӯзҳо фаъолияти СММ дар тамоми гӯшаю канори олам аз тариқи сохторҳои зерини он ба роҳ монда мешавад:

1.Ассамблеяи генералӣ (Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ - ГАРКОСОС);

1.1. Конференсияи СММ оид ба савдо ва тараққиёт (ЮНКТАД, Женева, Швейтсария);

1.2. Барномаи тараққиёти СММ (ПРООН, Ню-Йорк, ШМА);

1.3. Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП, Найроби, Кения);

1.4. Шӯрои умумиҷаҳонии озуқаворӣ (ВПС, Рим, Италия);

  1. Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ЭКОСОС);

2.1. Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (МПП, Рим, Италия);

2.2. Маркази савдои байналмилалӣ (МТЦ), ЮНКТАД/ВТО, Женева, Швейтсария);

2.3. Муассисаҳои махсусгардонидашуда:

пешина
аз 785
навбатӣ