Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

• Созмони давлатҳои Аморатҳои Муттаҳидаи Араб;

• Созишномаи ҳамкории бисёрҷонибаи Федератсияи Россия, Хитой ва Ҳиндустон;

• Ташкилоти (клуби) Лондон, ки дар сатҳи роҳбарияти байнибонкӣ фаъолият менамояд;

• Созмони ҳамгироии давлатҳои узви "Панҷгонаи Шанхай".

Бояд қайд намоем, ки имрӯзҳо аз вазъи иқтисодии давлатҳои аъзои "Ҳаштгона" тамоми масъалаҳои иқтисодии давлатҳои боқимондаи ҷаҳон алоқаманд ҳаст. Дар солҳои охири асри ХХ дар баробари банакшагирии самти инкишофи иқтисодиёти худ роҳбарияти давлатҳои аъзои "Ҳаштгона" пешрафти тамоми давлатҳои рӯ ба инкишоф ва қафомондаи дунёро ба назар гирифта, барои аз ҳолати қашшоқӣ баровардани онҳо барномаҳои махсуси кӯмакҳои иқтисодӣ, бароҳмонии истеҳсолот, тайёр кардани мутахассисони маҳаллӣ тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Дар ҳар як вохӯрии навбатии худ масъалаҳои муҳими иқтисодии ҷаҳонро дида баромада, барои пешгирӣ намудани хавфи он самти ягонаи фаъолияти худро муайян менамоянд.

Самтҳои фаъолияти давлатҳои аъзои "Ҳаштгона" дар бисёр ҳолатҳо сиёсати созмонҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор (МВФ), Бонки байналмилалии таҷдиду тараққиёт (МБРР) ва дигар созмонҳои байналхалқии иқтисодии амалкунандаро муайян менамояд.

  1. Ташкилотҳои гуногуни тиҷоративу иқтисодӣ, асъорию молиявӣ ва қарзӣ, соҳавӣ ё махсусгардонидашудаи иқтисодӣ ва илмию техникӣ дохил мешаванд.

Ба ин гурӯҳ Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо (ТУС/ВТО), Конференсияи СММ оид ба савдо ва тараққиёт (ЮНКТАД), Ташкилоти байналмилалии гумрук (МТО), Палатаи савдои байналмилалӣ ва ғайра дохил мегарданд.

пешина
аз 785
навбатӣ