Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
§15.4. СОЗИШНОМАИ УМУМИИ ОИД БА ТАРИФҲО ВА САВДО
Мувофиқи барномаи азнавсозии иқтисодиёти давлатҳои Европаи Ғарбӣ, ки дар ҷаҳон бо номи барномаи "Маршалл" машҳур аст, тиҷорати байналмилалии ШМА, давлатҳои Америкаи Лотинӣ ва Канада бо давлатҳои Европаи Шарқӣ сол аз сол вусъат мегирифт. Аз тарафи дигар, эҳтиёҷоти бо ашёи хом таъмин намудани саноати вазнини давлатҳои Европа самти нави тиҷорати байналмилалии онҳоро беш аз пеш бо давлатҳои ҷаҳони сеюм муайян менамуд.
Аммо бар хилофи вусъатгирии робитаҳои иқтисодии хориҷии давлатҳои ҷаҳони капиталистӣ вуҷуд надоштани меъёрҳои ҳуқуқӣ ва низомномаҳои танзимкунандаи содирот ва воридоти мол, истифодаи ҳудуди ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминии давлатҳои ҷаҳон садди роҳи ҳаракати мол, таҷҳизот ва хизматрасонӣ мегардид. Аз ин лиҳоз бо мақсади бартараф намудани монеаҳои мавҷуда намояндагони 23 давлати ҷаҳони капиталистӣ 30 октябри соли 1947 дар Женева Созишномаи умумии бисёрҷонибаро оид ба тарифҳо ва савдо (ГАТТ) ба имзо расониданд, ки мувофиқи он тамоми меъёрҳои ҳуқуқӣ,
принципҳо ва қоидаҳои тиҷорати байналмилалӣ ва гумрукӣ ҳаматарафа асоснок карда шуданд.
Бунёди ГАТТ пеш аз ҳама бо роҳи гузаронидани либеролизатсияи муносибатҳои савдои байналмилалӣ, ки он аз байн бардоштани маҳдудиятҳои гумрукӣ, барҳам додани шаклҳои гуногуни маҳдудиятҳои дар тиҷорати байналмилалӣ вуҷуддоштаро бо мақсади таъмини пешрафти иқтисодӣ (афзоиши истеҳсолот ва ҳаҷми содирот), баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, пурра бо кор таъмин будан, самаранок истифода бурдани ашёи хом, афзоиши даромади воқеӣ ва талабот, афзоиши истеҳсолот дар назар дошт.
амалӣ шудани буд.
Дар тамоми ҷаҳон фаъолияти ГАТТ дар асоси риоя намудани шартҳои зерин асоснок карда мешавад:
• иҷро кардани тиҷорат бе маҳдудкунӣ ва поймолкунии ҳуқуқ
дар асоси шароити мусоид ва истифодаи низоми миллӣ;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор