Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
• ҳимояи истеҳсолкунандагони маҳалӣ бо роҳи ҷорӣ кардани
боҷи гумрукӣ ва тадриҷан аз танзими ғайритарифӣ даст кашидан;
• кам кардани мизони боҷу хироҷ дар асоси гуфтушуниди
бисёрҷониба ва дар оянда бе маслиҳати тарафҳо ба баландшавии он
роҳ надодан;
• ба давлатҳои иштирокчӣ барои ҳалли проблемаҳои тиҷоратӣ
маслиҳатҳои муфид додан;
• таъмини инкишофи тиҷорати байналмилалӣ бо истифодаи
усулҳои рақобати одилона;
• ба давлатҳои рӯ ба инкишоф фароҳам овардани низоми
имтиёзнок;
• ба имзо расонидани созишномаҳои тиҷоратии минтақавӣ;
• муайян намудани меъёрҳои махсуси танзими тиҷорати байналмилалии маҳсулоти нассоҷӣ ва либоси тайёр.
Соли 1995 ГАТТ ба Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо (ТУС/ВТО) табдил дода шуд.
Мақсади аз ҳама муҳими бунёди ТУС дар асоси такмилдиҳии қонуну қоидаҳои тиҷорати байналмилалӣ дар ояндаи наздик либерализатсияи пурраи мол ва хизматрасониро дар ҷаҳон ба охир расондан буд. Дар баробари ин бо авҷгирии ҳаракати сармояи озоди ҷаҳони капиталистӣ сохтори ТУС дар назди худ вазифа гузоштааст, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ барои ба расмият даровардан ва назорат кардани сармояи хориҷӣ қарори махсуси бисёрҷонибаи созмонро, ки иҷрои он барои аъзоёни комилҳуқуқи ТУС ҳатмӣ мешавад, омода намояд.
Мақоми олии ТУС Конференсияи вазирон, ки аз намояндагони давлатҳои аъзо таъсис дода шудааст, ба шумори меравад. Мувофиқи низомномаи тасдиқшуда иҷлосияи ин конференсия дар ду сол як маротиба даъват карда мешавад. Вазифаи иҷрои корҳои ҷорӣ ба зиммаи Шӯрои Генералӣ гузошта шудааст, ки дар як сол ба қадри имкон 8-10 маротиба даъват карда мешавад.
Тоҷикистон ҳоло ба ТУС/ВТО дохил нашудааст. Ин аз бисёр
ҷиҳатҳо иқдоми ҷиддӣ мебошад. Вале дарҳои ТУС/ВТО барои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор