Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
намедорад. Қароргоҳи он дар пойтахти давлати Франция - Париж воқеъ гаштааст.
Мақоми олии роҳбарикунандаи ин созмон Шӯрои ПБС ба шумор меравад, ки мувофиқи Низомномаи тасдиқшуда дар ду сол як маротиба даъват шуда, нақшаҳои фаъолияти кории худро барои ду соли оянда муайян менамояд. Иҷрои қарорҳои қабулшуда ба зиммаи Шӯрои иҷроияи ин созмон гузошта шудааст, ки он дар ҳайати худ аз 15 то 21 аъзо дорад ва онро Шӯрои ПБС интихоб мекунад. Масъулияти татбиқи сиёсати пешгирифтаи ПБС пурра ба зиммаи Шӯрои иҷроия гузошта шудааст.
Мувофиқи низомномаи тасдиқшуда шӯрои иҷроия дар як сол се иҷлосияи худро гузаронида, натиҷаҳои фаъолияти кории панҷ департамент, Суди арбитражии (ҳақамии) байналхалқӣ, Бюрои байналхалқии палатай савдо, Донишкадаи ҳуқуқ ва таҷрибаи соҳаи тиҷорат, идораҳои ПБС оид ба мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодӣ ва Шӯрои ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои муҳити атроф ва ғайраро дида мебарояд.
Котиби Генералии Шӯрои ПБС ҳамзамон вазифаи котиби Шӯрои иҷроияро низ иҷро мекунад.
Фаъолияти кории ПБС барои ҳалли масъалаҳои зерин сафарбар карда шудааст:
• бо роҳи ҳавасманд кардани савдо, сармоягузорӣ, таъмини ҳаракати озоди сармоя ва кушодани бозорҳо дар ҷаҳон ба пешрафти соҳибкорӣ кӯмак расонидан;
• андешидани тадбирҳои пайдарпайи манфиатнок дар соҳаи иқтисодиёт ва ҳуқуқ бо мақсади таъмини инкишофи муносиб ва таъмини тиҷорати озоди байналмилалӣ;
• ҳимояи системаи соҳибкории хусусӣ.
Ба аъзогии Палатаи мазкур ширкатҳое, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд, ассотсиатсияҳои миллӣ, касбӣ ва соҳавӣ, федерасияҳои соҳибкорӣ, фирмаҳои ҳуқуқӣ, Палатаҳои савдою саноатӣ, шахсони алоҳидае, ки бо тиҷорати байналмилалӣ машғуланд, шомил шуда метавонанд. Аъзоёни ПБС имконият пайдо мекунанд, ки дар кори комиссияҳои махсус иштирок кунанд. Дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор