Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ҳайати ин комиссияҳо зиёда аз 500 эксперт оид ба фаъолияти бозорӣ кор мекунанд, ки мунтазам ҷамъ шуда, пешниҳодҳои ҳукуматҳо ва ташкилотҳои байнамилалиро ҳаматарафа омӯхта, доир ба фаъолияти ширкатҳояшон қарорҳои мушаххас қабул мекунанд. ПБС қарорҳояро асосан бо роҳи ҳамаҷониба тараққӣ додани системаи савдои байнамилалӣ ва ба роҳ мондани маблағгузорӣ иҷро мекунад.
Ба воситаи гурӯҳҳои корӣ аъзоён маркази ПБС-ро ташкил карда, тартиби кори онро такмил медиҳанд. ПБС ба масъалаҳое диққати аввалиндараҷа медиҳад, ки ҳалли онҳо таъҷилӣ мебошад. Ин масъалаҳо бевосита ба фаъолияти аъзоёни Палата дахл доранд. Бо ин кор аъзоёне машғул мешаванд, ки агентии ПБС-ро ташкил медиҳанд.
ПБС ягона ташкилотест, ки барои савдои байнамилалӣ қоидаҳо, стандартҳо ва кодҳоро муайян мекунад, ки онҳоро ҳамаи ширкатҳою корчаллонҳо эътироф мекунанд ва онҳо дар ҳазорон шартномаҳое, ки ҳар рӯз ба имзо мерасанд, баръало намоёнанд.
ПБС ба ташкилотҳои асосии байналхалқӣ, аз он ҷумла ба Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои он, инчунин ба Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо имтиёзҳо медиҳад, то ки ин ташкилотҳо имконият пайдо кунанд, ки манфиати аъзоёнашонро дар арсаи байналхалқӣ ҳимоя кунанд. Аъзоёни ПБС самтҳои фаъолияти бозориро муайян мекунанд, ки ба воситаи шабакаи умумиҷаҳонии Интернет дастраси ташкилотҳои байналхалқӣ ва кумитаҳои миллии Палатаи мазкур дар давлатҳои гуногун гардонида мешавад.
Асосан ду роҳи шомилшавӣ ба аъзогии Палатаи мазкур вуҷуд дорад. Якум, ба воситаи кумитаҳои миллӣ ва ё гурӯҳҳои ПБС, дуюм, дар сурати набудани кумитаи миллӣ ё гурӯҳи корӣ дар мамлакат бо роҳи бевосита муроҷиат кардан ба Котиботи Байнамилалии Палата.
Кумитаҳои миллӣ барои хароҷоти маъмурии Палатаи мазкур
ҳар сол маблағи муайянеро ба Котиботи Байнамилалии Палата, ки
дар Париж воқеъ аст, ирсол мекунанд. Ҳаҷми ин маблағ аз вазъи
иқтисодии мамлакат вобаста буда, мувофиқи он муайян карда
мешавад. Кумитаҳои миллӣ аз ҷиҳати молиявӣ аз дастгоҳи марказӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор