Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

мешуд, нақши маҳдудиятҳои ғайритарифии воридоти мол, ки хеле кам мавриди танзими бисёрҷониба қарор гирифтааст, бениҳоят афзуд.

Аз ҷумлаи чунин воситаҳо расмиёти гумрукӣ, ки таҳти онҳо амалҳои тибқи қонунҳои миллӣ муайяншавандаи сохторҳои гумрукӣ дар назар дошта мешаванд, аҳамияти хоса доранд. Чунин расмиётро (ба расмият даровардани ҳуҷҷат, пешниҳод кардани маълумоти гумрукӣ, ба гумрук танҳо дар маҳал ва вақти муайян пешниҳод кардани мол ва ғайра) риоя кардани воридкунандаи мол боиси зиёдшавии хароҷоти иловагӣ ва дар натиҷаи ин бо сабаби қиматшавии мол боиси паст шудани қобилияти рақобати он мегардад.

Бинобар ин, тавре ба назар мерасад, давлатҳо ШҲГ-ро бо мақсади рафъ сохтан ё ақалан кам кардани таъсири манфии расмиёти гумрукӣ таъсис доданд.

15 декабри соли 1950 се конвенсияи мазкур ба имзо расонида шуд, ки асоси ҳуқуқии фаъолияти ШҲГ-ро ташкил мекунанд:
• Конвенсия дар бораи таъсиси Шӯрои Ҳамкории Гумрукӣ;
• Конвенсия дар бораи номгӯй барои таснифи тарифҳои гумрукӣ;
• Конвенсия дар бораи баҳодиҳии мол ба мақсадҳои гумрукӣ.

26 январи соли 1953 дар ҷаласаи аввали Шӯро Регламентҳои дохилӣ ва молиявӣ, низомномаи Котибот, мақоми ҳайати кормандони Шӯро қабул гардиданд, инчунин андозаи аъзоҳаққии давлатҳои аъзо ба буҷети ташкилот муайян карда шуд.

Мутобиқи Конвенсия дар бораи таъсиси Шӯро ба зиммаи Шӯрои Ҳамкории Гумрукӣ вазифаҳои зерин гузошта шудаанд:
• таҳияи тавсияҳо дар мавриди шарҳу истифодаи якхелаи ду конвенсияи дигари ШҲГ;
• иҷрои вазифаҳое, ки аз мақсади конвенсияҳо бармеоянд;
• ҳалли баҳсҳои марбут ба истифода ва шарҳи конвенсия.

Ба ҷумлаи вазифаҳои асосӣ инчунин вазифаҳои зерин дохил мешаванд:

пешина
аз 785
навбатӣ