Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

• омӯзиши тамоми масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар фаъолияти гумрукӣ;

• баррасии ҷанбаҳои техникии (расмиёти) системаҳои миллии гумрукӣ бо мақсади ноил шудан ба дараҷаи баландтари мувофиқат ва якнавохтии онҳо;

• ҷамъ кардани маълумот дар бораи расмиёти гумрукӣ;

• таъмини давлатҳои аъзо бо маълумоти зарурӣ;

• ҳамкорӣ бо созмонҳои дигари байналхалқӣ.

Мақоми олии Созмони байналмилалии гумрукӣ - Шӯро - вохӯрии роҳбарони гумруки давлатҳои аъзо мебошад, ки дар рафти кори худ ҳуҷҷатҳои аз тарафи комиссияҳои сиёсӣ ва молиявӣ таҳиягардидаро омӯхта, дар асоси он қарорҳои махсус қабул менамояд ва вазифаҳои нави дарпешистодаро вобаста ба самтҳои муҳими фаъолияти гумрукӣ муайян менамоянд.

Яке аз он самтҳои муҳими фаъолияти Созмони байналмилалии гумрукӣ такмилдиҳии асосҳои гумрукӣ, ки дар омода сохтани пешниҳодҳо вобаста ба тафсир ва истифодаи созишномаҳо ва конвенсияҳо, аз нав дида баромадан ва навсозии ҳуҷҷатҳо зоҳир мешавад.

Шӯро аз котибот, ки ба он Котиби генералӣ роҳбарӣ мекунад, маъмуриятҳои соҳавӣ, кумитаҳо, комиссияҳо ва гурӯҳҳои фаъол иборат аст.

Таъмини кори Шӯро ба зиммаи котибот гузошта шудааст. Қароргоҳи ШҲГ дар Брюссель мебошад.

Ҳоло 18 конвенсияи байналхалқии гумрукӣ, 46 тавсияҳо ва 11 меъёрҳои таҳти сарпарастии Шӯро таҳиягардида амал мекунанд. Конвенсияҳо дар бораи номгӯй барои таснифи мол аз рӯи тарифҳои гумрукӣ, дар бораи содда ва ҳамоҳанг сохтани расмиёти гумрукӣ ва конвенсияҳои дигари танзимкунандаи воридоти муваққатии бор барои намоиш ва ғайра бештар маъмул мебошанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки истифодаи амалии онҳо барои 5-10% кам кардани хароҷоти иловагии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ имконият медиҳад.

Ду шароити асосӣ боиси болоравии аҳамияти ШҲГ гардид.

пешина
аз 785
навбатӣ