Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
намудани давлатҳои Хитой, Индонезия ва Покистон хатои хеле калон мебошад.
Аммо бо вуҷуди нуқсонҳои ҷойдоштаи таснифоти давлатҳо вобаста ба дараҷаи ҳосилнокии меҳнат дар истеҳсолот, ин нишондиҳанда масъулияти роҳбарияти давлатҳои дараҷаи миёнаи тараққиёт, камтараққиёфта, тараққинакарда ва қафомондаро водор менамояд, ки нисбати таъмини шабонарӯзаи кор, таъмини пешрафти кулли иқтисодиёти мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Масалан, барои Тоҷикистон ҳалли ин проблема ва аз сафи давлатҳои тараққинакардаи ҷаҳон якбора ба сафи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон гузаштан, бо назардошти сарватҳои табиии кишвари мо заҳмати зиёдеро талаб намекунад. Танҳо аз ҳисоби дуруст ба роҳ мондани корхонаҳои саноатии минтақаҳои ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаи дараҷаи ҳосилнокии меҳнат - 5000 доллари бадастовардаро дар муҳлатҳои хеле кӯтоҳ ду маротиба зиёд намудан мумкин аст.
§3.3. Таснифоти давлатҳои ҷаҳон вобаста ба дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ
Даҳсолаҳои охири асри ХХ созмонҳои бонуфузи байнамилалӣ (Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ), Хазинаи Байнамилалии Асъор (ХБА), Бонки Аврупоии Таҷдиду Рушд (БАТР), ЮНИДО ва ғайра) бо мақсади ҳарчи бештар муайян намудани мавқеи ҳар давлат дар пешрафти дар ҷаҳон бадастомадаи дараҷаи иҷтимоию иқтисодӣ, корҳои зиёди илмию тадқиқотиро ба анҷом расониданд. Дар асоси таҳлили ҳуҷҷатҳои зиёд дар маърӯзаи СММ «Дар бораи тараққиёти инсон» дар соли 2000 175 давлати ҷаҳон вобаста ба дараҷаи тараққиёти иқтисодии бадастоварда, ба се гурӯҳи калон тақсим карда шудаанд:
• давлатҳои тараққикардаи саноатӣ (дараҷаи баланд) - 47 давлат;
• давлатҳои рӯ ба инкишоф (дараҷаи миёна) - 83 давлат;
• давлатҳои суст тараққикарда (дараҷаи паст) - 45 давлат;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё