Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Барномаи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди ояндаи иқтисодиёти кишвар аҳамияти муҳим дошта, барои беҳтар сохтани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, паст гардонидани сатҳи инфлятсия, муваффақ гаштан ба арзиши ҳақиқии ММД мусоидат мекунад.
Бояд қайд намуд, ки барномаи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1998-2002 аз ҷониби Шӯрои директорони ХБА пазируфта шуд.
Таҳияи ин барномаи муҳим бо ташаббуси Президенти кишвар Э. Раҳмонов шурӯъ шуд. Ӯ шахсан чандин маротиба бо роҳбарому намояндагони ХБА, Бонки умумиҷаҳонӣ ва созмонҳои дигари молиявии байналмилалии дунё ҳамсӯҳбат гашта, борҳо ба Вашингтон, Париж, Вена, Токио ва дигар шаҳрҳои мамлакатҳои ҷаҳон сафар намуда, роҳбарияти созмонҳои молиявии байналмилалиро бовар кунонд, ки Ҳукумати Тоҷикистон баҳри азнавсозии иқтисодиёт ва гузаштан ба иқтисоди бозорӣ роҳи дурустро пеш гирифтааст.
29 майи соли 1998 директор-иҷрокунандаи ХБА ҷаноби Мишел Камдессю бо сафари дурӯзаи расмии худ аз шаҳри Душанбе боздид намуд. Фаъолияти кории худро дар Душанбе аз гуфтушунид бо роҳбари Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов шурӯъ кард. Дар натиҷаи мулоқот Мишел Кандессю аз рафти татбиқи ислоҳот изҳори қаноатмандӣ баён намуда, қайд кард, ки самти пешгирифтаи сиёсӣ ва иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президент Э. Раҳмонов ба ӯ дар рушди ҳамкории минбаъда боварии қатъӣ мебахшад.
29 майи соли 1998 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов ва Директор-иҷрокунандаи ХБА гуфтушуниди самимий баргузор гардид. Дар рафти сӯҳбат Президенти Тоҷикистон барои кӯмакҳои зиёди ХБА баҳри рушду густариш ва дастгирии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҷаноби М. Камдессю изҳори сипогузорӣ баён намуд.
Дар рафти вохӯрӣ Директор-иҷрокунандаи ХБА М.Камдессю изҳори қаноатмандӣ кард, ки Тоҷикистон баҳри азнавсозии иқтисодиёт ва гузаштан ба иқтисоди бозорӣ дар марҳилаи аввали

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор