Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

давраи осоишта роҳи дурустро пеш гирифтааст. Ӯ барои чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти иқтисодӣ, ки баҳри иҷрои барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ дар кишвар шароитҳои мусоид фароҳам меоварданд, баҳои мусбӣ дод.

Директор-иҷрокунандаи ХБА М.Камдессю изҳор намуд, ки ба Тоҷикистон дар доираи механизми маблағгузории васеи "ИСАФ"
барои дастгирии молиявии раванди иҷрои барномаи сесолаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ кардани ислоҳоти иқтисодӣ қариб 130 млн. доллари ШМА қарзи имтиёзнок ҷудо карда мешавад. Ӯ инчунин тазаккур дод, ки ин иқдоми ХБА барои сохторҳои дигари байнамилалӣ ва кишварҳои донор ҳамчун нақшаи ба худ хоси гузариш аз мавқеи нигаронӣ ба мавқеи фаъоли дастгирии иқтисодии Тоҷикистон дар ин давра гардад. Муқаррар карда шуд, ки пешравӣ баҳри иҷрои ислоҳоти иқтисодӣ яке аз усулҳои беҳтарини мустаҳкамшавӣ ва густариши раванди сулҳ дар ҷумҳурӣ мегардад. Бо хоҳиши ҷаноби М. Камдессю Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов доир ба рафт ва имкониятҳои иҷрои созишномаи умумӣ доир ба раванди сулҳ дар кишвар иттилооти муфассал дод.

Дар рафти вохӯрӣ инчунин масъалаҳои доир ба усулҳои мусоидати ХБА барои бартараф намудани оқибатҳои вазнини офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Соли 1998 ХБА ба кишвари мо 49 млн. доллари ШМА ҷудо кард, ки аз ин 40 млн. доллари ШМА барои тақвияти қурби асъори миллӣ, зиёд намудани захираи асъори Бонки миллии Тоҷикистон, 9 млн. барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ба Вазорати молия пешниҳод карда шуданд.

Бо кӯмаки ХБА дар курсҳои таълимӣ ва семинарҳои соҳаи макроиқтисодӣ, молиявӣ, андозу буҷет ва мавзӯъҳои омории Институти муттаҳидаи Вена 79 нафар мутахассисони соҳаҳои гуногун иштирок намуданд.

Кормандони масъули намояндагии ХБА дар шаҳри Душанбе
дар якҷоягӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ бо мақсади риояи
нишондиҳандаҳои мақсадноки барномаи тасдиқшуда аз Ҳукумати

пешина
аз 785
навбатӣ