Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тоҷикистон талаботи ворид намудани кори ҳисобгирии ҳаррӯза ва ҳарҳафтаинаи бақияҳо ва ҳаракати захираҳои байнамилалии Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои дигари ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб намуданд. Дар баробари ин бо назардошти талаботи Ҳукумат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани ёрӣ ХБА 24 июни соли 1998 18 млн. СДР ва 30 декабри соли 1998 - 22,3 млн. СДР қарз ҷудо намуд.

Бо кӯмаку дастгирии ХБА Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2000 дуюмин маротиба бо мақсади минбаъд баланд бардоштани самаранокии низоми пулӣ, устуворӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёти мамлакат пули миллии Сомониро ба муомилот баровард. Қарори қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №415 аз 26 октябри соли 2000 "Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии Сомонӣ" муовини мудири маъмурии ХБА Эдуардо Анинат шарҳ дода, қайд намуд: "Иштироки Тоҷикистон дар ислоҳоти иқтисодии ҷорӣ омили муҳимест, дар тасмими Шӯрои иҷроия нисбати дастгирии Барномаи иқтисодии Тоҷикистон мувофиқи Барномаи "Қарз барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисодӣ".

§ 16.3. БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ

[Бонки умумиҷаҳонӣ яке аз ташкилоти бузурги асъориву молиявӣ ва қарзии ҷаҳон ба шумор рафта, дар давраи 57 соли фаъолияташ дар пешрафти иқтисодиёти давлатҳои алоҳида ва ташаккули иқтисодиёти ҷаҳон мавқеи хосаеро ишғол намудааст.]

[Бонки умумиҷаҳонӣ имрӯзҳо вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияташ аз панҷ ташкилоти бузурги байнамилалӣ иборат мебошад:

  1. Бонки байнамилалии рушд ва инкишоф (ББРИ).
  2. Ассотсиатсияи байнамилалии инкишоф (АБИ).
  3. Корпоратсияи байнамилалии молиявӣ (КБМ).
  4. Агентии байнамилалӣ оид ба кафолати сармоягузорӣ.
пешина
аз 785
навбатӣ