Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Маркази байналмилалӣ оид ба танзими баҳсҳои сармоягузорӣ.

Ташкилотҳои номбурда баъд аз хотима ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳон бо мақсади расонидани кӯмак ба давлатҳои қафомонда барои паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолии ин давлатҳо бунёд карда шудаанд. ББРИ ва АБИ дар асоси лоиҳа ва барномаҳои тасдиқшуда ба ҳукуматҳои давлатҳои алоҳида маблағҳои зиёдеро дар шакли қарз бо мақсади таъмини пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии ин давлатҳо ҷудо менамоянд. Дар баробари ин Бонки умумиҷаҳонӣ ба давлатҳои рӯ ба инкишоф оид ба муайян намудани сиёсати тараққиёти иқтисодиёти худ маслиҳатҳои муфид ва кӯмакҳои техникӣ расонида, барои сафарбар намудани захираҳои дохилии мамлакат мусоидат менамояд.

Фикр дар бораи таъсиси бонки байналхалқии рушд ва инкишоф ибтидои соли 1940 ба миён омада буд. Аммо баъд аз чор сол дар конференсияи асъориву молиявии байналмилалие, ки дар шаҳри Бреттон Вуди ШМА баргузор гашт, дар баробари бунёди Хазинаи Байналмилалии Асъор бо мақсади азнавбарқарорсозӣ ва рушди иқтисодиёти комилан харобгаштаи ҷаҳон Бонки байналмилалии рушду инкишоф бунёд карда шуд. Солҳои баъдӣ бо вуҷуди бунёди боз як силсила созмонҳо Бонки байналмилалии рушду инкишоф - яке аз ҷузъҳои асосии Бонки умумиҷаҳонӣ гардид. Бо назардошти мавқеи ишғолнамуда ва иҷрои вазифаҳои дар пеш гузошташуда дар бисёр ҳолатҳо Бонки байналмилалии рушду инкишофро Бонки умумиҷаҳонӣ низ меноманд. Таҷрибаи 50 соли охир нишон медиҳад, ки тамоми фаъолияти ин бонк бо мақсади бо қарз таъмин кардани давлатҳои бои тараққинамудаи ҷаҳон равона карда шудааст.

Аз солҳои аввали таъсиси бонк то имрӯз қароргоҳи бонк дар шаҳри Вашингтони ШМА ҷойгир шудааст. Агар соли 1944, дар рӯзҳои аввали бунёди бонк ҳамагӣ 44 давлати ҷаҳон ба ин ташкилот аъзо шуда бошанд, ҳоло (1 августи соли 2001) ин бонк 181 давлати дунёро муттаҳид намудааст.

пешина
аз 785
навбатӣ