Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

1 январи соли 2001 сармояи оинномавии ин бонк 142 млрд. доллари ШМА-ро ташкил медод. Аз рӯзҳои аввали таъсис асоси афзоиши сармояи бонкро пардохтҳои аъзоҳаққӣ ва даромад аз сармояи озод ташкил мекунанд. Дар баробари ин бонк аз созмонҳои озоди молиявии ҷаҳон қарз гирифта, талаботи аъзоёни худро таъмин менамуд.

Шӯрои Раисон - мақоми олии ББРИ ба шумор меравад. Мувофиқи Оинномаи бонк ҳар як давлати аъзо дар шӯрои роҳбарикунанда намояндаи худро дар сатҳи вазири молия ва ё раиси Бонки миллӣ дохил карда метавонад.

Давраи фаъолияти кории аъзоёни интихобшуда 5 сол муайян карда мешавад. Шӯрои Раисон ҳар сол як маротиба ҷамъ шуда, самтҳо ва барномаи кории худро тасдиқ менамояд. Қабули ҳама гуна қарор бо тариқи овоздиҳии оддӣ, дастгирии 85% аъзоён амалӣ мешавад. Овоздиҳӣ дар Шӯрои Раисон бошад, аз ҳиссаи давлатҳои аъзо дар сармояи умумии бонк вобастагӣ дорад. Масалан, ШМА бо маблағи азими худ дар ин созмон 17%-и овозҳоро дорад, ки ин баробари овозҳои 140 давлатҳои рӯ ба инкишоф мебошад. Ҳиссаи Федератсияи Россия 1,8% ва Украина 0,8%-ро ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талаботи Низомномаи Бонк ваколати овозҳои худро барои ҳалли проблемаҳои муҳим ба давлати Швейтсария додааст. Барои иҷрои масъалаҳои ҷорӣ ба мӯҳлати ду сол аз 24 роҳбар 6 роҳбари иҷрокунандаро вобаста ба ҳаҷми сармояи онҳо (ШМА, Англия, Германия, Франция, Япония ва Федератсияи Россия) роҳбарияти ин давлатҳо таъин менамоянд. 19 роҳбари дигар вобаста аз гурӯҳҳои бо ҳам муттаҳидшудаи давлатҳо интихоб карда мешаванд. Тоҷикистонро дар бонк директори иҷрокунандаи Швейтсария мувофиқи ваколате, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он додааст, муаррифӣ менамояд. Президенти ББРИ аз тарафи роҳбарони иҷрокунанда ба мӯҳлати панҷ сол интихоб карда мешавад. Мувофиқи анъана Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ аз ҳисоби шаҳрвандони давлати аз ҳама бузурги саҳмгузор - ШМА интихоб карда мешавад. Ташкили тамоми корҳои ҷории Бонки умумиҷаҳонӣ ба зиммаи Президент гузошта шудааст. Бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ББРИ бо ХБА соли 1974 Кумитаи

пешина
аз 785
навбатӣ