Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

муштараки ҳуқуқи сиёсӣ дошта барои баррасии проблемаҳои муҳими вобаста ба ҳамкорӣ дар нақшаҳои тараққиёт бунёд карда шуд, ки он дар натиҷаи тадқиқотҳои дарозмуддати худ пешниҳодоти мушаххаси худро оид ба дар оянда боз ҳам самаранок истифода бурдани сармояи ББРИ тартиб медиҳад.

Соли 1994 ББРИ бо мақсади ҳарчи бештар ҷамъ намудани маълумотҳо дар бораи лоиҳаҳои пешниҳодшуда марказҳои иттилоотии худро дар шаҳрҳои Вашингтон, Лондон, Париж, Токио ва Москва бунёд намуда буд. Аз ин марказҳо иттилооти пурра дар бораи нақшаҳои амалишаванда, натиҷаҳои тадқиқот, барномаи миллии давлат оид ба ҳифзи табиат ва маърӯза дар бораи комёбиҳои давлатҳои алоҳидаро ба даст овардан мумкин аст.

Солҳои аввал бонк дар назди худ вазифаи бунёди ташкилоти байналмилалии молиявиро бо мақсади дастгирии азнавбарқароркунӣ ва рушди иқтисодиёт гузошта буд. Ва тамоми ҷаҳон огоҳ аст, ки ин вазифа, алалхусус дар азнавсозиҳои кулли давлатҳои Европа бо муваффақияти калон иҷро карда шуд. Баъд аз натиҷаҳои назаррас додани нақшаи Маршалл Бонки Байналмилалии рушду инкишоф сармояи худро оҳиста-оҳиста ба давлатҳои рӯ ба инкишоф равона намуданро сар кард. Солҳои аввал ҳамкории иқтисодӣ бо давлатҳои рӯ ба инкишоф бештар барои таъмини соҳаҳои инфрасохторӣ (бунёди роҳҳои автомобилгард, роҳҳои оҳан, кӯпрукҳо ва таъмири майдонҳои ҳавой) равона мешуданд. Бо бароҳмонии ин соҳаҳо таъмини пешрафти иқтисодии соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, саноати истихроҷ, соҳаи кишоварзӣ ва соҳаҳои иҷтимоиро ба зудӣ таъмин менамуд. Мувофиқи Оинномаи Бонк қарз фақат ба аъзоёни ин созмон дода мешавад. Қарзҳои ҷудошаванда аслан дар тӯли панҷ соли аввал бо шартҳои хеле имтиёзнок дода шуда, мӯҳлати баргардонидани он то 15 сол дароз карда мешавад. Бонк барои амалӣ шудани лоиҳаҳое, ки қисмати муайяни қарз барои харидани воситаҳои техникӣ, дастгоҳҳо аз давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон ва хусусан аз ШМА равона карда мешавад, ҳавасманд мебошад. Бо назардошти ҳавасманд будани ин ташкилот ҷамъи маблағи ин дастгоҳҳо бо асъори қобили табдил ҷудо карда мешаванд.

пешина
аз 785
навбатӣ