Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Самти дигаре, ки Бонки умумиҷаҳонӣ онро бештар бо қарзҳои махсуси имтиёзнок ва ё кӯмаки дастгирӣ менамояд, дар байни аъзоёни бонк бо номи қарзи "барномавӣ" машҳур аст. Ин намуд қарз бо мақсади дар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ гузаронидани бозсозиҳои иқтисодӣ, ба монанди либерализатсияи робитаҳои иқтисодии мамлакат, ислоҳоти сохтории роҳбарикунандаи мамлакат ҷудо карда мешаванд.
Аз аввалҳои соли 1992 сар карда, бо мақсади ҷалб ва дастгирӣ намудани бозсозиҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ расонидани кӯмакҳои иқтисодӣ сар шуд. Аз давлатҳои тозабунёд ББРИ аввалин шуда бо Федератсияи Россия ҳамкориро шурӯъ намуд. Дар тӯли 1992-2000 ББРИ дар асоси 41 лоиҳаи тасдиқшуда ба Федератсияи Россия 11,4 млрд. доллари ШМА ҷудо намуд.
Солҳои 1997-1998 Федератсияи Россия аз ББРИ 1,63 млрд. доллари ШМА қарз гирифта, дар номгӯи истифодабарандагони асосии сармояи бонки ҷаҳонӣ вобаста ба ҳаҷми он ҷои 5-умро ишғол намуд.
Соли 1997 аввалин маротиба роҳбарияти Ҳукумати Федератсияи Россия дар иҷлосияи якҷояи Бонки ҷаҳонӣ ва ХБА, ки дар Гонконг баргузор гардида буд, иштирок намуда, дар баромади худ омодагии худро вобаста ба ҳалли масъалаҳои муҳими молиявии дунё, чун аъзои комилҳуқуқи ин созмонҳо баён намуд.
Моҳи январи соли 1998 дар маҷлиси Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ нақшаи нави ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия ба имзо расид, ки маблағи умумии онҳо 1,5 млрд. доллари америкоиро ташкил медиҳад. Маблағи зикргардида дар се давр ҷудо карда шуд: 1) 300 млн. доллари ШМА (фаврӣ), 2) 500 млн. (декабри соли 1998), 3) 700 млн. (июни соли 1999).
Имрӯзҳо сохтори ташкилии ББРИ (Бонки умумиҷаҳонӣ) аз: Шӯрои роҳбарон, директорони иҷроия, Директори генералӣ оид ба баҳодиҳии амалиётҳои бонкӣ ва Президенти он иборат мебошад. Корҳои ҷориро таҳти роҳбарии Президент чор идораи махсус иҷро менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор