Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ассотсиатсияи Байналималии Инкишоф (АБИ) яке аз узвҳои фаъоли Бонки умумиҷаҳонӣ соли 1960 бо мақсади расонидани кӯмакҳои молиявӣ ба давлатҳои камбагалтарини сусттараққикардаи ҷаҳон дар асоси имтиёзҳои бештар нисбат ба ББРИ бунёд карда шуда буд. То имрӯз 160 давлати ҷаҳон аъзои ин ассотсиатсия мебошад. Сармояи АБИ мувофиқи шартҳои дар Низомномаи он зикргардида пеш аз ҳама барои маблағгузории лоиҳаҳои соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллии давлатҳои алоҳида, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва техникӣ пурра асоснок шудаанд, равона карда мешавад. Роҳбарияти давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон қафомонии иқтисодии давлатҳои зиёди дунёро ба назар гирифта, бо мақсади бароҳмонии истеҳсолот таъмини пешрафти соҳаҳои афзалиятноки ин давлатҳо, таъмини ҷои кор ва барҳам додани қашшоқии аҳолӣ пурра намудани зиёда аз 70%-и хазинаи АБИ-ро, ки он зиёда аз 80 млрд. долларро ташкил медиҳад, дар шакли ҳаққи аъзогии худ дар ин ассотсиатсия ба ӯҳда гирифтанд. Дар баробари ин қисми муайяни хазинаи АБИ аз ҳисоби даромади солонаи ББРИ ва қарзҳои баргардонидашуда пур карда мешавад. Сармояи гирдовардаи АБИ дар шакли қарзи бефоиз бо мақсади ҳавасманд намудани пешрафти иқтисодӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва дараҷаи зиндагии аҳолӣ ба давлатҳои камбағалтарини сусттараққикардаи ҷаҳон, ки ММД-и онҳо мувофиқи меъёри соли 1997 муайяннамудаи Бонки умумиҷаҳонӣ, ки он ба ҳар сари аҳолӣ аз 925 доллари ШМА камтар аст, дода мешавад. Ба ин гурӯҳ 81 давлати ҷаҳон дохил карда шудааст. Қарзҳои имтиёзнок ба мӯҳлати 40 сол дода мешаванд. Дар тӯли 10 соли аввал ба давлатҳои қарзгиранда маблағҳои ҷудошуда бефоиз дода мешаванд. Дар ҳолати аз 10 то 40 сол истифода бурдани қарз, қарзгиранда ба АБИ ҳар соли баъдӣ фоизи ночизе (0.75%) барои пӯшонидани хароҷоти бонкӣ медиҳад. Ин фоиз бо асъори давлатҳои қарзгиранда низ қабул карда мешавад.
Бо мақсади пурмаҳсул истифода бурдани кӯмакҳои молиявӣ лоиҳаҳои пешниҳодшуда аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳаматарафа

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор