Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

экспертиза карда мешаванд. Мувофиқи Низомномаи ин созмон нақшаҳо вобаста ба барқарорсозии хоҷагии қишлоқ, тадқиқотҳои илмии ин соҳа, таъмини пешрафти истеҳсолот, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва бунёди марказҳои таълимию омӯзишӣ ҳаматарафа дастгирӣ карда мешаванд. Бештари қарз бо асъори худи ҳамон давлат ҷудо карда мешавад. Ба гирифтани қарзҳои имтиёзнок танҳо давлатҳои аъзои ББРИ ҳуқуқ доранд.

Сохтори роҳбарикунандаи ассотсиатсия аз шӯрои роҳбарикунанда ва директорони иҷроия иборат мебошад. Корҳои зиёди идораҳои АБИ-ро кормандони Бонки ҷаҳонӣ иҷро менамоянд. Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ корҳои ҷории АБИ-ро назорат ва идора менамояд. Сохтори АБИ аз шӯъбаҳои ҳисоббаробаркунӣ, молиявӣ, сиёсӣ, банақшагирӣ ва тадқиқотӣ иборат мебошад.

16.3.2. Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ

Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (КБМ) бо пешниҳоди ШМА бо мақсади дастгирӣ намудани сектори хусусӣ соли 1956 бунёд карда шудааст. Қароргоҳи ин созмон дар шаҳри Вашингтони ШМА ҷойгир шудааст. Барои пурсамараш тифода бурдани маблағҳои ҷудошуда дар пойтахти бисёр давлатҳои ҷаҳон - шаҳрҳои Лондон, Париж, Токио, Франк-фурт ва соли 1994 дар шаҳри Москва намояндагии худро бунёд намуд. Аввали соли 2001 174 давлати ҷаҳон ба аъзогии комилҳуқуқи ин созмон дохил буданд.

Фаъолияти КБМ бештар барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи макроиқтисодӣ бо давлатҳои аъзо равона карда шудааст. Барои амалӣ шудани ин мақсад иҷрои вазифаҳои зеринро сармашқи кори худ намудааст:

а) якҷоя бо сармоягузорони хусусӣ ва роҳбарияти КБМ ба корхонаҳои истеҳсолии моликияташон хусусӣ қарзҳои дарозмуддати таваккалӣ ҷудо менамояд.

б) бо таъмини захираҳои молиявӣ ва додани кафолат пешрафти бозорҳои сармояи навбунёди давлатҳои рӯ ба инкишофро ҳавасманд ва дастгирӣ менамояд;

пешина
аз 785
навбатӣ