Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
в) бо кӯмаки молиявӣ ва техникии ширкатҳои молиявии шинохташудаи дунё ҳавасманд намудани ҷалби сармояро ба иқтисодиёти давлатҳои қафомонда ва рӯ ба инкишоф дастгирӣ менамояд;
Аз хазинаи КБМ қарз ба ширкатҳои хусусии давлатҳои рӯ ба инкишофи аъзои корпорация бе кафолати ҳукумат ба муҳлати аз 7 то 15 сол дода мешавад. Хусусияти хоси КБМ дар он аст, ки қисми муайяни қарзи ба соҳибкорони хусусӣ ҷудошуда дар баробари аз хазинаи созмон маблағгузорӣ шуданаш боз аз ҳисоби ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои таҷрибадори давлатҳои тараққинамуда ва ҷалби сармояи онҳо амалӣ мешавад. Дар баробари ин самтҳои истифодаи сармоягузорӣ тамоман маҳдуд карда намешаванд. Сармояи КБМ дар баробари бунёди корхонаҳои нав боз барои таъмини пешрафт ва навсозии корхонаҳои амалкунанда равона карда мешавад. Мувофиқи лоиҳаҳои омодашуда сармояи КБМ-ро имрӯзҳо барои пешрафти соҳаҳои саноати вазнин, сабук, бофандагӣ, хӯрокворӣ, саноати истихроҷи маъдан, туризм ва бунёди ширкатҳои молиявӣ истифода мебаранд. Солҳои охир КБМ дар баробари ҳавасманд ва дастгирӣ намудани бахши хусусӣ фаъолияти худро барои расонидани кӯмакҳои техникӣ равона менамояд. Барои амалӣ шудани ин мақсад хазинаи махсуси кӯмакҳои техникиро бунёд намуда, дар муҳлати хеле кӯтоҳ сармояи онро то ба 7 млрд. расонидааст.
Мақоми олии КБМ Шӯрои роҳбарикунанда ба шумор меравад, ки ҳайати он аз Президент ва ноибони президент иборат мебошад. Маҷлиси солонаи ин созмон ҳамзамон бо гузаронидани маҷлиси Бонки умумиҷаҳонӣ гузаронида мешавад. Дар тӯли сол фаъолияти КБМ-ро 24 директори ББРИ, ки гурӯҳи давлатҳои худро назорат мекунанд, пеш мебаранд. Дар тӯли 45 соли фаъолияташ КБМ ба 129 давлатҳои рӯ ба инкишоф аз хазинаи худ 21,2 млрд. доллари ШМА ҷудо намуда, барои барқарор намудани фаъолияти 852 корхона дар ҳаҷми 15 млрд. доллари ШМА сармояи хориҷии корхонаҳои тараққинамудаи дунёро сафарбар намудааст. Соли 1993 дар сохтори идораи марказӣ вобаста ба дигаргуниҳои дар ҷаҳон баамаломада бозсозии куллӣ гузаронида шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор