Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Сохтори ташкилии Корпоратсияи байналмилалии молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ аз Шӯрои роҳбарон, Шӯрои директорон, Президент, Котиби корпоративӣ, мушовир, 6 ноиб-президент оид ба баҳшҳои махсус ва якчанд департаментҳои махсусгардонидашуда иборат мебошад.

Аз соли 1995 инҷониб мувофиқи Низомномаи КМБ сарварии ин созмонро Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷаноби Чеймс Д.Вулфенсон ба ӯҳда дорад. Иҷрои вазифаи ноиб-президенти КМБ-ро аз моҳи январи соли 2001 инҷониб ҷаноби Питер Войке, ки тамоми амалиётҳои ҳаррӯзаи ин созмонро назорат менамояд, ба ӯҳда дорад. Иҷрои вазифаи ноиб-президент инчунин вазифаи директор-маъмури Бонки Умумиҷаҳониро низ ба ӯҳда дорад, ки он тамоми амалиётҳои вобаста ба ҳамоҳангсозии бахши хусусии гурӯҳи бонки ҷаҳониро ба ӯҳда дорад. Гурӯҳи роҳбарон, ки аз шаш ноиб-президенти КБМ иборат мебошад, дар таҳияи қарорҳои ҷорӣ ва тартиб додани барномаҳо барои солҳои оянда ба иҷрокунандаи вазифаи ноиб-президент хизмат мерасонанд. Фаъолияти кории департаментҳои минтақавӣ бошад, барои омода сохтани стратегияи давлатҳои аъзо ва дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар ин минтақаҳо равона карда шудааст. Ба зиммаи департаментҳои саноат масъулияти омода сохтани лоиҳаҳои соҳаҳои махсусе, ки таваҷҷӯҳи роҳбарияти КМБ ва созмонҳои молиявиро ба худ ҷалб менамоянд, гузошта шудааст.

Дар даҳсолаи охири асри XX корҳои зиёде вобаста ба ҷалб ва дохил шудани ҷумҳуриҳои навбунёд ба ин созмон гузаронида шуд. Аз байни давлатҳои тозабунёд соли 1993 аввалин шуда Федератсияи Россия ба аъзогии КБМ қабул карда шуд. Худи ҳамон сол бо кӯмаки мутахассисони ин созмон зиёда аз 42 лоиҳаҳои махсус дар ҳаҷми зиёда аз 2 млрд. доллари ШМА омода карда шуда, баъд аз тасдиқ гаржидан барои амалӣ шудани онҳо маблағҳои лозима ҷудо карда шуданд.

Имрӯзҳо дар созмони КМБ 1818 хизматчӣ фаъолият намуда, 118 давлати ҷаҳон аъзои комилҳуқуқи он мебошад.

пешина
аз 785
навбатӣ