Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 1992 аъзои расмии ин созмон ба шумор меравад.
Мувофиқи Низомномаи ин созмон давлатҳои дунё вобаста ба эътибори байнамилалӣ пайдо намудани саҳмияҳои бозори дохилӣ, ки дар оянда манбаи иловагии сармоягузорӣ мешаванд, гурӯҳбандӣ мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди аъзои ин созмон буданаш бо сабаби суст ба роҳ монда шудани бозори фурӯши саҳмияҳо ба гурӯҳи умумии индекси инвеститсионии давлатҳои рӯ ба инкишоф дохил карда нашудааст. Индекси инвеститсионӣ дар асоси қоғазҳои қиматноки давлатҳои алоҳидае, ки барои ҳамаи сармоягузорони ҷаҳон дастрас мебошанд, тартиб дода мешавад.
Индекси КБМ бо фоизҳо ҳисоб карда мешавад. Индекси воқеии КБМ ба сармоягузорон самтҳои маблағгузориро нишон медиҳад. Дар баробари индекси инвеститсионии КБМ барои баҳодиҳии муҳити инвеститсионии давлатҳои алоҳида рейтинги қарзи байнамилалиро тез-тез истифода мебаранд. Рейтинги қарзи байнамилалӣ аз тарафи 11 агентии бонуфузи дунё (панҷ американӣ, се японӣ, ду канадагӣ ва як англис) тартиб дода мешавад. Бояд қайд намуд, ки имрӯз 90%-и ин бозорҳо ба ду ширкати америкоии "Standard & Poor's Investors Service и Moody's Investor Service" тааллуқ доранд.
16.3.3. Агентии байнамилалӣ оид ба кафолати сармоягузорӣ
Агентии байнамилалии бисёрҷонибаи кафолати сармоягузорӣ (АБКС) 12 апрели соли 1988 аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ бо мақсади ҳавасманд намудани сармояи хориҷие, ки ба давлатҳои рӯ ба инкишоф, ширкат ва созмонҳои давлатҳои тараққинамудаи дунё дар асоси кафолати ин ташкилот (ба давлатҳои тараққинамудаи дунё барои пурра боварӣ надоштанашон) медоданд, бунёд карда шуда буд.
Бинобар ин аз рӯзҳои аввали бунёд фаъолияти АБКС бо мақсади таъмини иҷрои лоиҳаҳои созмонҳои дигари таҳти назорати Бонки умумиҷаҳонӣ буда, равона карда шуда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор