Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар асоси меъёрҳои муайяншудаи суғурта АВКС ба сармоягузорони хориҷӣ ваколати ҳимояи сармояи онҳоро аз ҳаҷми 100 ҳазор то 50 млн. доллари ШМА дар асоси Созишнома дар тӯли 15-20 сол ба зимма гирифтааст.

Сармояи оинномавии ин ташкилот замонати АВКС мебошад, ки ҳаҷми умумии он 1 январи соли 2001 - 986 млн. доллари ШМА-ро ташкил менамуд. Роҳбарияти агентӣ мувофиқи низомномаи худ аз ҳаҷми маблағи дар боло зикргардида то 786 млн. доллари ШМА-ро ба сармоягузорони хориҷӣ замонат дода метавонад. АВКС бо мақсади суръатбахшии равандҳои бозсозӣ ба давлатҳои нави соҳибистиқлол ва рӯ ба инкишофи ҷаҳон кӯмак мерасонад.

Сохтори идораи марказии АВКС аз Шӯрои роҳбарон, Шӯрои директорон, Президент, Котиби корпоративӣ, иҷрокунандаи вазифаи ноиб-президент ва якчанд шӯъбаҳои махсусгардонидашуда иборат мебошад.

Тамоми ҳуқуқҳо оид ба идора намудани ин сохтор ба Шӯрои роҳбарон дода шудааст, ки дар мавриди зарурат ин ваколатро ба раисони иҷроия низ медиҳанд. Шӯро асосан ҳар сол як маротиба гузаронида мешавад. Кулли корҳои ҷорӣ ба уҳдаи раисони иҷроия гузошта шудааст. Сарвари тамоми раисон асосан Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ ба шумор меравад.

16.3.4. Маркази байналмилалӣ оид ба танзими муноқишаҳои сармоягузориҳо

Маркази байналмилалӣ оид ба танзими муноқишаҳои сармоягузориҳо (МБТМС) бо мақсади ҳалли проблемаҳои дар сатҳи ҳукуматҳои қарзгиранда ва сармоядорони хориҷӣ бамиёномада ва дар ин асос ҳавасманд намудани ҷалби сармояи хориҷӣ соли 1966 бо пешниҳоди Бонки умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор таъсис ёфта буд. То 1 январи соли 2001 ба ин созмон 126 давлатҳои дунё дохил буданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 1992 инҷониб аъзои комилҳуқуқи ин созмон ба шумор меравад.

пешина
аз 785
навбатӣ