Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

16.3.5. Муносибатҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
Бонки Ҷаҳонӣ

Баъд аз ба даст даровардани истиқлолят Бонки умумиҷаҳонӣ дар баробари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба омӯзиши вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намуд. Бо вуҷуди мураккаб будани вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 ва нимаи дуюми соли 1993 мутахассисони Бонки умумиҷаҳонӣ борҳо вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда, аз мулоқот бо роҳбарияти ҷумҳурӣ, ҳукумат ва вазорату корхонаҳо иттилооти бисёреро гирд оварда, фикру зикр ва мақсаду мароми миллатро вобаста ба шароити нави иқтисодӣ ба сохтори марказии худ пурра ва аз нуқтаи назари воқеӣ бурда расониданд.

4 июни соли 1993 баъд аз гуфтушунид ва вохӯриҳои зиёд Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Бонки умумиҷаҳонӣ қабул карда шуд. Ҳамкорӣ бо чунин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ барои ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон ифтихори бузург ба шумор меравад. Чунин боварӣ масъулияти роҳбарияти давлатро дучанд намуда, барои ҳарчи тезтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ ба иҷрои талаботи бонки умумиҷаҳонӣ дар бобати мутобиқ намудани қонунҳои ҷумҳурӣ ба талаботи иқтисоди бозорӣ, либерализатсияи фаъолияти хориҷии корхонаҳо, хусусигардонии моликияти ҷамъиятӣ шурӯъ намуд. Моҳи октябри соли 1996 дар шаҳри Душанбе намояндагии муваққатии Бонки умумиҷаҳонӣ кушода шуд.

Аз соли 1996 то аввали соли 2001 Бонки умумиҷаҳонӣ бо воситаи АБИ мувофиқи 13 лоиҳа (бо ҷамъи иловаи се қарзи махсус) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 211,3 млн. доллари ШМА ҷудо намуд.
Илова бар ин, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки умумиҷаҳонӣ 1,3 млн. доллари ШМА барои дигаргунсозиҳои институсионалӣ ва барқароркунии вазъи баъдиҷангӣ кӯмакҳои беподош ҷудо карда шуд.
Созмони дигари Бонки умумиҷаҳонӣ - КБМ низ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани истеҳсоли тилло 15,5 млн.

пешина
аз 785
навбатӣ