Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

доллари ШМА ва барои амалӣ намудани чор лоиҳаи бахши хусусӣ 1,5 млн. доллари ШМА ҷудо намуд.

Мувофиқи барномаи "Стратегияи расонидани кӯмак ба давлатҳо - дар доираи шарикӣ" кӯмакҳои аввалини созмонҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ба дастгирӣ ва қанеъ намудани эҳтиёҷоти аввалиндараҷаи Тоҷикистон равона карда шуда буданд. Барномаи Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз амалӣ шудани се лоиҳа, ки самтҳои:

а) мустаҳкам намудани шароити институтсионалӣ вобаста ба
нақшагирӣ ва татбиқ намудани барномаҳои фаврии ислоҳоти
сохторӣ;

б) дастгирии кӯшиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба
мӯътадилсозии иқтисодиёт;

в) кам кардани таъсири манфии коҳиши иқтисодӣ ба тоифаҳои камбизоати аҳолиро дар бар мегирифт, шурӯъ шуд.

Барномаи молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ вобаста ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ аз қарзи "дигаргунсозиҳои сохторӣ"
20 майи соли 1996 бо имзо расидани қарзи кӯмакҳои техникӣ барои дастгирии сохтори институтсионалӣ шурӯъ гардид. Дар асоси ин барнома мутахассисони Бонки умумиҷаҳонӣ ба Кумитаи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи барномаи хусусигардонии корхонаҳои хурд ва омӯзиши мутахассисони ин Кумита ва ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии барномаи ҳукуматии таҷдиди хоҷагиҳои фермерӣ ва ғайримонополикунонии коркард ва фурӯши пахта маблағҳои лозимаро ҷудо намуданд.

Қисми муайяни қарзи номбурда худи ҳамон сол барои татбиқи нақшаи "кӯмакҳои техникӣ", дигаргунсозиҳои сохторие, ки мувофиқи он пеш аз ҳама ба тайёр ва тасдиқ намудани қарор ва қонунҳои нав.
бо таҷҳизоти техникии ҳозиразамон ҷиҳозонидани идораҳои сохторҳои давлатӣ, бонки миллӣ ва вазорати молия, ки дар маҷмӯъ барои пурра ва босуръат татбиқ намудани ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак мерасонад, равона карда шуданд.

пешина
аз 785
навбатӣ