Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Моҳи сентябри соли 1996 Бонки умумиҷаҳонӣ мувофиқи лоиҳаи "Барқарорсозии соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 50 млн. доллари ШМА қарз ҷудо намуд.

Маблағҳои ин барнома барои дастгирии ҷидду ҷаҳди Ҳукумати Тоҷикистон оид ба мӯътадил гардондани вазъи иқтисодӣ, аз байн бардоштани проблемаи камбудии асъори хориҷӣ, ворид намудани ашёи хоми зарурӣ, дастгирии ҷараёни қувватгирандаи ислоҳоти иқтисодии соҳаи кишоварзӣ, ислоҳоти замин, савдо ва хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ бо мақсади пешгирии пастравии истеҳсолот ва барҳам додани бекорӣ равона карда шуданд. Бо мақсади дастгирии бевоситаи шумораи зиёди аҳолии камбизоат охири соли 1996 зиёда аз 15 млн. доллари ин барнома барои маблағгузории системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона карда шуд. Мувофиқи лоиҳаҳои тасдиқшуда 30 млн. доллари маблағҳои ҷудошудаи ин барнома, агар соли 1996 истифода шуда бошанд, пас 20 млн. доллари боқимондаи он дар нимаи аввали соли 1997 азхуд карда шуданд.

Дар асоси барномаи дигаргунсозиҳои сохторӣ хизмати Бонки умумиҷаҳонӣ доир ба устувор нигоҳ доштани қурби рубли тоҷикӣ хеле бузург аст. Дар тӯли 10 моҳи (январ-октябр) соли 1996 дар баробари асъори хориҷии "Главхлопкопром" ва заводи алюминийи Тоҷикистон мутобиқан аз фурӯши пахта ва алюминий бадастоварда Бонки умумиҷаҳонӣ ҳар моҳ дар шакли қарз ба Бонки миллии Тоҷикистон 5 млн. доллари ШМА ҷудо менамуд, ки он аз тариқи биржаи асъори байнибонкӣ барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ равона карда мешуд. Чунин тадбир дар давраи аввали воридшавии пули миллӣ қурби онро нисбат ба доллари ШМА ва асъори дигар давлатҳои ҷаҳон як давра мӯътадил нигоҳ медошт.

31 октябри соли 1996 бо хоҳиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки умумиҷаҳонӣ дар Токио вохӯрии аввалини гурӯҳи машваратиро оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ баргузор намуд. Дар ин вохӯрӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 барои кӯмак ва таъмини

пешина
аз 785
навбатӣ